Дар Суғд ният доранд, аввалин филиали ДСРТ -ро ифтитоҳ кунанд

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Российско-Таджикского (славянского) университета, архивное фото
Здание Российско-Таджикского (славянского) университета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2023
Обуна шудан
Вазири маорифи Русия қайд кард, ки ба ифтитоҳи филиал ҳам аз ҷониби Русия ва ҳам Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти вилояти шимолии ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Қарор аст, дар вилояти Суғд филиали Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ифтитоҳ шавад.
Дар ин бора Валерий Фалков, вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия дар ҳошияи нишасти густурдаи ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Русия зикр кард, хабар медиҳад ТАСС.
"Мо масъалаи ифтитоҳи филиали ДСРТ дар яке аз минтақаҳои Тоҷикистон, яъне дар вилояти Суғдро баррасӣ мекунем, зеро дар ин бора дархост ҳаст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи раиси Вазорати маориф ва илми Русия, ҳарду ҷониб, аз ҷумла худи минтақа ба ин таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, барои таъмини таъсиси бахши ДСРТ як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла масъалаҳои ташкилиро баррасӣ кардан лозим аст.
Фалков афзуд, Русия ҳамчунин аз нигоҳи моддию техникӣ бахшҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон ва ҳамчунин як мактаби назди ДСРТ- ро пуштибонӣ хоҳад кард.
Десятая Международная выставка-ярмарка Российское образование. Таджикистан – 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2023
Русия квотаи таҳсил барои тоҷикистониҳоро зиёд мекунад
Русия ва Тоҷикистон ҳамчунин масъалаи ифтитоҳи филиали нави яке аз донишгоҳҳои Русияро дар қаламрави ҷумҳурӣ баррасӣ мекунанд. Ба гуфтаи вазир, як қатор донишгоҳҳои Русия хоҳиши ифтитоҳи филиалро доранд.
Дар Тоҷикистон ба ҷуз ДСРТ, филиалҳои се донишгоҳи пешрафтаи Маскав - Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии - МИСИС ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ - МЭИ фаъолият мекунанд.
Россотрудничество ҳар сол барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия квота ҷудо мекунад. Дар маҷмӯъ ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои олии Русия таҳсил мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0