https://sputnik.tj/20230303/rusiya-kvota-tahsil-tojikiston-ziyod-1055298744.html
Русия квотаи таҳсил барои тоҷикистониҳоро зиёд мекунад
Русия квотаи таҳсил барои тоҷикистониҳоро зиёд мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Бештару беҳтар кардани шароити таҳсили тоҷикистониҳо ба шарофати рушди бемайлони ҳамкориҳои Маскаву Душанбе дар соҳаи гуманитарӣ ва фарҳангӣ имконпазир гардид
2023-03-03T18:05+0500
2023-03-03T18:05+0500
2023-03-03T18:05+0500
дар русия
маориф
мактаб
таҳсил
квота
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0f/1049218073_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_00c003047d938b75c15d98726fdd9c0b.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Русия теъдоди квотаҳоро дар макотиби олӣ барои донишҷӯён аз Тоҷикистон афзоиш медиҳад. Дар ин бора нахуствазири Русия, Михаил Мишустин дар пайи музокирот дар Душанбе иттилоъ дод. Ин дар ҳолест, ки дар соли равон теъдоди квотаҳо барои таҳсили тоҷикистониҳо дар макотиби олии Русия ҳудуди 750 ададро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Мишустин, феълан метавон гуфт, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ бомуваффақият рушд мекунанд.Дар робита ба ин, ӯ аз тасмими баргузории Рӯзҳои синамо ва Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон дар соли 2023 хабар дод.Мишустин инчунин аз ифтитоҳи 5 мактаби русӣ дар ҷумҳурӣ зикр намуд, ки 1-уми сентябри соли 2022 бо иштироки президентҳои ҳарду кишвар Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз карданд. Вай афзуд, ҳоло дар кишвар 39 мактаб бо забони русӣ таҳсил мекунад, ки дар онҳо ҳудуди 27 ҳазор нафар таҳсил мекунанд ва ҳамчунин беш аз 160 мактаби омехтаи тоҷикӣ-русӣ бо ҳудуди 70 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.
https://sputnik.tj/20230303/mishustin-sarmoyai-rusiya-tojikiston-kam-1055280881.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0f/1049218073_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_acfc8868c723f9d16539bc3b2eaf6636.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, квота, таҳсил, тоҷикистониҳо, русия
афзоиш, квота, таҳсил, тоҷикистониҳо, русия
Русия квотаи таҳсил барои тоҷикистониҳоро зиёд мекунад
Бештару беҳтар кардани шароити таҳсили тоҷикистониҳо ба шарофати рушди бемайлони ҳамкориҳои Маскаву Душанбе дар соҳаи гуманитарӣ ва фарҳангӣ имконпазир гардид
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Русия теъдоди квотаҳоро дар макотиби олӣ барои донишҷӯён аз Тоҷикистон афзоиш медиҳад.
Дар ин бора нахуствазири Русия, Михаил Мишустин дар пайи музокирот дар Душанбе иттилоъ дод.
"Соли хониши ҷорӣ бо афзоиши квота барои довталабони тоҷик оғоз шуд. Соли оянда мо барои шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 900 ҷой ҷудо кардем", - гуфт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки дар соли равон теъдоди квотаҳо барои таҳсили тоҷикистониҳо дар макотиби олии Русия ҳудуди 750 ададро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Мишустин, феълан метавон гуфт, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ бомуваффақият рушд мекунанд.
Дар робита ба ин, ӯ аз тасмими баргузории Рӯзҳои синамо ва Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон дар соли 2023 хабар дод.
Мишустин инчунин аз ифтитоҳи 5 мактаби русӣ дар ҷумҳурӣ зикр намуд, ки 1-уми сентябри соли 2022 бо иштироки президентҳои ҳарду кишвар Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз карданд.
Вай афзуд, ҳоло дар кишвар 39 мактаб бо забони русӣ таҳсил мекунад, ки дар онҳо ҳудуди 27 ҳазор нафар таҳсил мекунанд ва ҳамчунин беш аз 160 мактаби омехтаи тоҷикӣ-русӣ бо ҳудуди 70 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.