Рустами Эмомалӣ занони фаъоли шаҳри Душанберо қадрдонӣ кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанНа открытии Дворца культуры в Зафарободском районе
На открытии Дворца культуры в Зафарободском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2023
Обуна шудан
Бахшида ба Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе маросими ҳавасмандгардонии як зумра фаъолзанон аз ҷониби раиси шаҳр баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Бахшида ба Рӯзи Модар дар пойтахт маросими ҳавасмандгардонии фаъолзанон ва кормандони сохторҳои гуногуни шаҳри Душанбе баргузор карда шуд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.
Тибқи иттилои манбаъ зимни ифтитоҳи ҳамоиш табрикоти Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи Модар ба тамоми занону духтарон расонида шуда, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор таманно карда шуд.
Раиси шаҳри Душанбе қайд кардааст, ки модар сарчашмаи ҳаёт, маънибахши зиндагӣ ва муқаддастарин инсон барои фарзандон мебошад.
Ҳамоиши мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, мақсад аз он арҷгузорӣ ба мақому манзалати модарон ва дастгириву қадрдонии занону духтарон мебошад.
Эмомали Рахмон открыл в Горно-Матчинском районе Амонатбанк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.02.2023
Дастури президент дар мавриди теъдоди занон дар бонкҳо пурра иҷро нашудаст: Шарҳи Икромӣ
Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти расмӣ шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла аз шумораи кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Инчунин занону духтарон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ- 71, фарҳанг- 47, бонкдорӣ- 39, алоқа- 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоизро ташкил медиҳанд.
Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону духтарон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2018 2,4 баробар зиёд мебошад.
Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст.
Лентаи хабарҳо
0