https://sputnik.tj/20230206/dastur-prezident-tedodi-zanon-bonkho-hanuz-ikromi-1054703663.html
Дастури президент дар мавриди теъдоди занон дар бонкҳо пурра иҷро нашудаст: Шарҳи Икромӣ
Дастури президент дар мавриди теъдоди занон дар бонкҳо пурра иҷро нашудаст: Шарҳи Икромӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон, муассиси "Амонатбонк" ба ин муассиса дастур додааст, ки шумораи кормандонашонро ба зиёда аз 60% расонда шавад
2023-02-06T11:43+0500
2023-02-06T11:43+0500
2023-02-06T11:44+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
корманд
амонатбонк
занон
ҷой
сироҷиддин икромӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102968/41/1029684103_0:48:2048:1199_1920x0_80_0_0_63230ff6ab7dd6ed615b5ee18eeb398f.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Бонувон зимни иштирок дар озмунҳо барои қабул ба кор дар "Амонатбонк" соҳиби 3 холи имтиёзӣ мебошанд, иттилоъ дод раиси ин бонк, Сироҷиддин Икромӣ. Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҳоло 1351 зан дар "Амонатбонк" кору фаъолият мекунанд, ки аз шумораи умумии кормандони бонк 46%-ро ташкил медиҳад. Ба иттилои Икромӣ, соли 2022 дар озмунҳои "Амонатбонк" барои ишғоли ҷойи кори холӣ зиёда аз 700 нафар иштирок кардаанд, ки 406 нафар муваффақ шудаанд. Таъкид гардид, ки 60%-и кормандони нав бонувон мебошанд. Раис тавзеҳ дод, ки агар посбон, ронанда ва инкассаторҳоро, ки барои занон нисбатан мушкиланд, истисно карда шаванд, теъдоди занон дар миёни кормандони боқимонда 56%-ро ташкил медиҳад. Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, борҳо дастур дода буд, ки ба низоми бонкӣ ва умуман дар бахши хизматрасонӣ бештар занон ба кор қабул карда шаванд.Пештар дар мавриди он, ки чаро дар бонки давлатии "Амонатбонк" ҳанӯз мардон аксарияти кормандонро ташкил медиҳанд, Икромӣ изҳор дошт, ки мушкили занон бештар аст."Бештар шавҳар мекунанд, ҷои зисташонро иваз мекунанд, шавҳар розигӣ намедиҳад, ба нигоҳубини кӯдак мераванд, мушкилии зан нисбати мардҳо албатта бештар аст. Барои ҳамин тез - тез ивазшавии кормандон аз ҳисоби бонувон дар бонк эҳсос мешавад", - афзуд ӯ.Вай афзуда буд, агар масъалаи зуд - зуд иваз намудани ҷойи кори занҳо набошад, шумораи кормандони "Амонатбонк" метавонист то 60 - 70% расонда шавад.
https://sputnik.tj/20230206/rais-amonatbonk-khalosi-vobastagi-asori-khorij-1054700059.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102968/41/1029684103_68:0:1888:1365_1920x0_80_0_0_c9e2e74f93300ff70266de0cb300347f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амонатбонк, корманд, амонатбонк, бештар
амонатбонк, корманд, амонатбонк, бештар
Дастури президент дар мавриди теъдоди занон дар бонкҳо пурра иҷро нашудаст: Шарҳи Икромӣ
11:43 06.02.2023 (Навсозишуда: 11:44 06.02.2023) Ҳукумати Тоҷикистон, муассиси "Амонатбонк" ба ин муассиса дастур додааст, ки шумораи кормандонашонро ба зиёда аз 60% расонда шавад
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Бонувон зимни иштирок дар озмунҳо барои қабул ба кор дар "Амонатбонк" соҳиби 3 холи имтиёзӣ мебошанд, иттилоъ дод раиси ин бонк, Сироҷиддин Икромӣ.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҳоло 1351 зан дар "Амонатбонк" кору фаъолият мекунанд, ки аз шумораи умумии кормандони бонк 46%-ро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Икромӣ, соли 2022 дар озмунҳои "Амонатбонк" барои ишғоли ҷойи кори холӣ зиёда аз 700 нафар иштирок кардаанд, ки 406 нафар муваффақ шудаанд. Таъкид гардид, ки 60%-и кормандони нав бонувон мебошанд.
Раис тавзеҳ дод, ки агар посбон, ронанда ва инкассаторҳоро, ки барои занон нисбатан мушкиланд, истисно карда шаванд, теъдоди занон дар миёни кормандони боқимонда 56%-ро ташкил медиҳад.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, борҳо дастур дода буд, ки ба низоми бонкӣ ва умуман дар бахши хизматрасонӣ бештар занон ба кор қабул карда шаванд.
Пештар дар мавриди он, ки чаро дар бонки давлатии "Амонатбонк" ҳанӯз мардон аксарияти кормандонро ташкил медиҳанд, Икромӣ изҳор дошт, ки мушкили занон бештар аст.
"Бештар шавҳар мекунанд, ҷои зисташонро иваз мекунанд, шавҳар розигӣ намедиҳад, ба нигоҳубини кӯдак мераванд, мушкилии зан нисбати мардҳо албатта бештар аст. Барои ҳамин тез - тез ивазшавии кормандон аз ҳисоби бонувон дар бонк эҳсос мешавад", - афзуд ӯ.
Вай афзуда буд, агар масъалаи зуд - зуд иваз намудани ҷойи кори занҳо набошад, шумораи кормандони "Амонатбонк" метавонист то 60 - 70% расонда шавад.