https://sputnik.tj/20230303/tarhi-jadid-zabon-farhang-rus-tojikiston-oghoz-1055276787.html
Тарҳи ҷадиди марбути забону фарҳанги рус дар Тоҷикистон оғоз мешавад
Тарҳи ҷадиди марбути забону фарҳанги рус дар Тоҷикистон оғоз мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Лоиҳа аз ҷониби Хазинаи президентии ташаббусҳои фарҳангӣ дастгирӣ гардида, аллакай дар моҳҳои баҳори соли равон дар бархе аз кишварҳои собиқ шӯравӣ оғоз хоҳад шуд
2023-03-03T09:41+0500
2023-03-03T09:41+0500
2023-03-03T12:23+0500
дар русия
фарҳанг
ҳамоиш
рӯзҳои фарҳанг
душанбе
синамо
забон
адабиёт
забони русӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/08/1054777684_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_79ebfed2392eeffa532fa28abff01d6b.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 9 март тарҳи "Забони русӣ ҳамчун рамзи фарҳангии миллат ва забони муоширати байни миллатҳо" оғоз мешавад.Дар ин бора раиси Маркази ҷашнвораҳои синамо ва барномаҳои байналмилалӣ, Татяна Шумова, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.Ба гуфтаи вай, ин тарҳ лексияҳо, дарсҳои маҳорат, консертҳо ва намоишгоҳҳо дар бар мегирад. Ӯ илова намудаст, ки метавон аз дигар лоиҳаҳо даст кашид, аммо ин робитаҳои фарҳангӣ аз ҳам ҷудонашавандаанд. "Мо тамоми талошро мекунем, ки равобити фарҳангиро ҳарчи бештар дастгирӣ кунем, ҳифз намоем ва афзун гардонем", - изҳор дошт раиси Марказ. Вай тавзеҳ дод, ки ҳар як сафари лоиҳа ба кишвар аз чанд қисмат - таълимӣ, мусиқӣ, театрӣ, синамоӣ ва намоишӣ иборат хоҳад буд. Ҳамин тариқ 10 март дар Маркази русии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи "Шеър дар истеъдод. Некрасов дар бораи Толстой" ифтитоҳ мешавад, ки ба робитаҳои эҷодии ду классики адабиёти рус бахшида шудааст. Рӯзи 11 март дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарси маҳорат дар бораи усулҳои муосири таълими забони русӣ аз ҷониби профессор Виктор Шаклейн баргузор мешавад. Илова бар ин, лоиҳа дар соли 2023 самти нав – намоиши филмҳои ғолибони ҷашнвораи байналмилалии "Рӯзҳои филмҳои кӯтоҳ"-ро ҷорӣ мекунад.Интизор меравад, ки ин тарҳ бо дастгирии Бунёди фарҳангии президенти Русия моҳи апрели соли равон дар Озарбойҷон ва моҳи май дар Ӯзбекистон оғоз гардад.
https://sputnik.tj/20230225/bahs-donistan-zaboni-rusi-tojikiston-1055163640.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/08/1054777684_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_0bc8f65df0c4d0939cf8f9708373ebae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оғоз, тарҳ, ҷадид, тоҷикистон, фарҳанг
оғоз, тарҳ, ҷадид, тоҷикистон, фарҳанг
Тарҳи ҷадиди марбути забону фарҳанги рус дар Тоҷикистон оғоз мешавад
09:41 03.03.2023 (Навсозишуда: 12:23 03.03.2023) Лоиҳа аз ҷониби Хазинаи президентии ташаббусҳои фарҳангӣ дастгирӣ гардида, аллакай дар моҳҳои баҳори соли равон дар бархе аз кишварҳои собиқ шӯравӣ оғоз хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз 9 март тарҳи "Забони русӣ ҳамчун рамзи фарҳангии миллат ва забони муоширати байни миллатҳо" оғоз мешавад.
Дар ин бора раиси Маркази ҷашнвораҳои синамо ва барномаҳои байналмилалӣ, Татяна Шумова, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вай, ин тарҳ лексияҳо, дарсҳои маҳорат, консертҳо ва намоишгоҳҳо дар бар мегирад.
"Боварии амиқи мо ин аст, ки маҳз бо қудрати бузурги санъати Русия мо ҷаҳонро наҷот медиҳем. Мо чунин пулҳои хурдро дар замонҳои душвор нигоҳ медорем ва ҳатто агар онҳо ҳоло хеле танг бошанд ҳам", - таъкид намудаст Шумова.
Ӯ илова намудаст, ки метавон аз дигар лоиҳаҳо даст кашид, аммо ин робитаҳои фарҳангӣ аз ҳам ҷудонашавандаанд.
"Мо тамоми талошро мекунем, ки равобити фарҳангиро ҳарчи бештар дастгирӣ кунем, ҳифз намоем ва афзун гардонем", - изҳор дошт раиси Марказ.
Вай тавзеҳ дод, ки ҳар як сафари лоиҳа ба кишвар аз чанд қисмат - таълимӣ, мусиқӣ, театрӣ, синамоӣ ва намоишӣ иборат хоҳад буд.
Ҳамин тариқ 10 март дар Маркази русии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи "Шеър дар истеъдод. Некрасов дар бораи Толстой" ифтитоҳ мешавад, ки ба робитаҳои эҷодии ду классики адабиёти рус бахшида шудааст.
Рӯзи 11 март дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарси маҳорат дар бораи усулҳои муосири таълими забони русӣ аз ҷониби профессор Виктор Шаклейн баргузор мешавад.
Илова бар ин, лоиҳа дар соли 2023 самти нав – намоиши филмҳои ғолибони ҷашнвораи байналмилалии "Рӯзҳои филмҳои кӯтоҳ"-ро ҷорӣ мекунад.
Интизор меравад, ки ин тарҳ бо дастгирии Бунёди фарҳангии президенти Русия моҳи апрели соли равон дар Озарбойҷон ва моҳи май дар Ӯзбекистон оғоз гардад.