Лавров: Русия дигар намегузорад, ки Ғарб лӯлаҳои газро тарконанд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПресс-конференция министра иностранных дел С. Лаврова
Пресс-конференция министра иностранных дел С. Лаврова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2023
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия ахиран эълон кард, ки кишвараш дигар ба кишварҳои Ғарб иҷозат намедиҳад лӯлаҳои газро тарконанд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Русия дар сиёсати энержии худ ба кишварҳои ғарбӣ такя нахоҳад кард ва ба онҳо иҷоза намедиҳад, ки дигар лӯлаҳои газро тарконанд, гуфт вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров.
"Ҷангеро, ки мо талош дорем хотима диҳем, ки алайҳи мо бо истифода аз мардуми Украина оғоз шуд, албатта, ба сиёсати Русия, аз ҷумла ба сиёсати энергетикӣ таъсир расонд. Хулоса ин аст, ки мо дигар ба ҳеҷ ваҷҳ ба Ғарб такя нахоҳем кард”,- гуфт ӯ.
Оқои Лавров дар форуми “Raisina Dialogue” дар Деҳлӣ гуфт, ки Русия "ба онҳо дигар имкон намедиҳад, ки лӯлаҳоро тарконанд".
Ин посухи вазири Русия ба ин суол буд, ки муноқиша дар Украина ба сиёсати энержии Русия чӣ гуна таъсир кардааст.
Место утечки на газопроводе Северный поток - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2023
Русия ба ИМА иҷоза намедиҳад, ки дар бораи ҳамлаи террористӣ ба"Маҷрои Шимол" хомӯш бошад
Ёдовар мешавем, ки ҳамлаҳо ба лӯлаҳои гази Русия – “Маҷрои шимолӣ-1 ва 2” рӯзи 26 сентябр сурат гирифтанд.
Кишварҳои аврупоӣ, ки ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд, тахрибкории ҳадафмандонаро истисно намекунанд.
Ширкати Nord Stream Nord Stream AG хабар дод, ки вазъи изтирорӣ дар лӯлаҳои газ бесобиқа аст ва тахмин задани замони таъмир ғайриимкон аст.
Лентаи хабарҳо
0