https://sputnik.tj/20230303/farmoni-putin-orden-rasulzoda-1055285103.html
Фармони Путин барои додани орден ба Расулзода
Фармони Путин барои додани орден ба Расулзода
Sputnik Тоҷикистон
Орденро ба сарвазири Тоҷикистон ҳамтои русиягияш дар шаҳри Душанбе дар ҳузури ҳайати мақомдорони баландпояи ду кишвар тақдим намуд
2023-03-03T13:30+0500
2023-03-03T13:30+0500
2023-03-03T14:11+0500
дар русия
қоҳир расулзода
михаил мишустин
фармон
сафари михаил мишустин ба тоҷикистон - охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/03/1055281806_0:0:3107:1748_1920x0_80_0_0_13b9c43ed638db3011e62eb9cee22cf3.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин фармон додааст, ки сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода бо орден қадрдонӣ шавад. Фармони Владимир Путин зимни маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Русия дар ҳузури сарвазирони ду кишвар, Михаил Мишустин ва Қоҳир Расулзода қироат шуд. Бар асоси фармон, Қоҳир Расулзода барои саҳми бузург дар таҳкими дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Русия бо ордени Шараф қадрдонӣ гардид. Орденро дар ҳузури аъзои ҳукумати ду кишвар Михаил Мишустин ба Расулзода супорид. Дар пайи тақдими орден, маросими имзои санадҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун - андоз, гумрук, саноат, сайёҳӣ, тандурустӣ, варзиш ва маориф ба имзо расонданд. Михаил Мишустин бо сафари дурӯзаи корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Вай таъкид намуд, ки татбиқи санадҳои ҷадид таконе барои рушди муносиботи ду кишвар хоҳад шуд. Сарвазири Русия аз афзоиши ҳаҷми додугирифт ва сармоягузорӣ тавсиф кард, аммо зарур хонд, ки зарфиятҳои истифоданашуда ҳанӯз зиёданд. Вай таъкид намуд, ки Тоҷикистон шарики стратегӣ ва иттифоқчии Русия мебошад, ки ҳамкории дуҷониба дар заминаи эҳтиром ва дӯстию бародарӣ роҳандозӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20230303/tahsil-sinamo-sarmoya-muloqot-mishustin-qahhorzoda-1055281574.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/03/1055281806_104:0:2835:2048_1920x0_80_0_0_54d2453c9399baf1fbea5f704bd4c4ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
расулзода, орден, русия, қадрдонӣ
расулзода, орден, русия, қадрдонӣ
Фармони Путин барои додани орден ба Расулзода
13:30 03.03.2023 (Навсозишуда: 14:11 03.03.2023) Орденро ба сарвазири Тоҷикистон ҳамтои русиягияш дар шаҳри Душанбе дар ҳузури ҳайати мақомдорони баландпояи ду кишвар тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин фармон додааст, ки сарвазири Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода бо орден қадрдонӣ шавад.
Фармони Владимир Путин зимни маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Русия дар ҳузури сарвазирони ду кишвар, Михаил Мишустин ва Қоҳир Расулзода қироат шуд.
Бар асоси фармон, Қоҳир Расулзода барои саҳми бузург дар таҳкими дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Русия бо ордени Шараф қадрдонӣ гардид.
Орденро дар ҳузури аъзои ҳукумати ду кишвар Михаил Мишустин ба Расулзода супорид.
Дар пайи тақдими орден, маросими имзои санадҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун - андоз, гумрук, саноат, сайёҳӣ, тандурустӣ, варзиш ва маориф ба имзо расонданд.
Михаил Мишустин бо сафари дурӯзаи корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Вай таъкид намуд, ки татбиқи санадҳои ҷадид таконе барои рушди муносиботи ду кишвар хоҳад шуд.
Сарвазири Русия аз афзоиши ҳаҷми додугирифт ва сармоягузорӣ тавсиф кард, аммо зарур хонд, ки зарфиятҳои истифоданашуда ҳанӯз зиёданд.
Вай таъкид намуд, ки Тоҷикистон шарики стратегӣ ва иттифоқчии Русия мебошад, ки ҳамкории дуҷониба дар заминаи эҳтиром ва дӯстию бародарӣ роҳандозӣ мешавад.