https://sputnik.tj/20230303/tahsil-sinamo-sarmoya-muloqot-mishustin-qahhorzoda-1055281574.html
Аз таҳсил то синамою сармоя: мулоқоти Мишустин бо Қаҳҳорзода - видео
Аз таҳсил то синамою сармоя: мулоқоти Мишустин бо Қаҳҳорзода - видео
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазирони Тоҷикистону Русия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ доранд, ки интизор меравад дар анҷоми гуфтушунид бархе аснод ба имзо расонда шаванд 03.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-03T12:55+0500
2023-03-03T12:55+0500
2023-03-03T13:11+0500
видео
мулоқот
михаил мишустин
қоҳир расулзода
сафари михаил мишустин ба тоҷикистон - охирин хабарҳо
иқтисод
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/03/1055281294_8:0:1316:736_1920x0_80_0_0_3d659ef55e4a61e76cd916db9ead4b05.jpg
Миёни Тоҷикистону Русия созишномаҳои нави байниҳукуматию байниидоравӣ ба имзо расонда мешаванд. Дар ин бора сарвазири Русия, Михаил Мишустин, зимни музокирот бо ҳамтои тоҷикаш, Қоҳир Расулзода иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла созишномаҳо дар бахши идораи андоз, дар бахши тандурустӣ, дар соҳаи гумрук ва дигар самтҳо имзо мешаванд, ки татбиқашон ба густариши муносиботи ду кишвар такон хоҳанд дод. Мишустин: 1,6 млрд доллар сармояи Русия барои Тоҷикистон кам астСарвазири Русия изҳор дошт, ки ҳаҷми додугирифт, ки беш аз 1,6 млрд доллар ва ҳаҷми маблағгузориҳо низ тақрибан дар ҳамин ҳаҷм худ ба худ нишондодҳои бузург нестанд. Аммо зарфияту имкониятҳо зиёданд, ки бояд истифода шаванд. Дар бахши фарҳангӣ зикр гардид, ки соли равон баргузории Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Ташкили Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон низ дар барномаи кори ду ҷониб қарор дорад. Мишустин ҳамчунин аз афзоиши бурсияҳои таҳсил барои довталабони тоҷикистонӣ барои таҳсил дар муассисаҳои олии Русия хабар дод, ки теъдодашон беш аз 900 ададро ташкил хоҳад дод. Маврид ба зикр аст, ки сафари дурӯзаи кории сарвазири Русия дар Тоҷикистон идома дорад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/03/1055281294_240:0:1221:736_1920x0_80_0_0_50b618d55e9ccee1deee939ea7302b3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, мулоқот, михаил мишустин, қоҳир расулзода, видео, иқтисод, сиёсат
видео, мулоқот, михаил мишустин, қоҳир расулзода, видео, иқтисод, сиёсат
Аз таҳсил то синамою сармоя: мулоқоти Мишустин бо Қаҳҳорзода - видео
12:55 03.03.2023 (Навсозишуда: 13:11 03.03.2023) Сарвазирони Тоҷикистону Русия густариши ҳамкориҳоро баррасӣ доранд, ки интизор меравад дар анҷоми гуфтушунид бархе аснод ба имзо расонда шаванд
Миёни Тоҷикистону Русия созишномаҳои нави байниҳукуматию байниидоравӣ ба имзо расонда мешаванд.
Дар ин бора сарвазири Русия, Михаил Мишустин, зимни музокирот бо ҳамтои тоҷикаш, Қоҳир Расулзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла созишномаҳо дар бахши идораи андоз, дар бахши тандурустӣ, дар соҳаи гумрук ва дигар самтҳо имзо мешаванд, ки татбиқашон ба густариши муносиботи ду кишвар такон хоҳанд дод.
Сарвазири Русия изҳор дошт, ки ҳаҷми додугирифт, ки беш аз 1,6 млрд доллар ва ҳаҷми маблағгузориҳо низ тақрибан дар ҳамин ҳаҷм худ ба худ нишондодҳои бузург нестанд. Аммо зарфияту имкониятҳо зиёданд, ки бояд истифода шаванд.
Дар бахши фарҳангӣ зикр гардид, ки соли равон баргузории Рӯзҳои синамои Русия дар Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст. Ташкили Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Тоҷикистон низ дар барномаи кори ду ҷониб қарор дорад.
Мишустин ҳамчунин аз афзоиши бурсияҳои таҳсил барои довталабони тоҷикистонӣ барои таҳсил дар муассисаҳои олии Русия хабар дод, ки теъдодашон беш аз 900 ададро ташкил хоҳад дод.
Маврид ба зикр аст, ки сафари дурӯзаи кории сарвазири Русия дар Тоҷикистон идома дорад.