https://sputnik.tj/20230303/dushanbe-maskav-sozishnoma-imzo-1055289213.html
Душанбею Маскав кадом созишномаҳои навро имзо карданд?
Душанбею Маскав кадом созишномаҳои навро имзо карданд?
Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи сафари дурӯзаи сарвазири Русия ба пойтахти Тоҷикистон ва музокирот бо ҳамтои тоҷик миёни ду кишвар санадҳои ҷадид ба имзо расиданд
2023-03-03T14:38+0500
2023-03-03T14:38+0500
2023-03-03T14:38+0500
сафари михаил мишустин ба тоҷикистон - охирин хабарҳо
сиёсат
михаил мишустин
қоҳир расулзода
имзо
санад
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/03/1055288611_0:0:3489:1963_1920x0_80_0_0_78a69649a1cec3aeee2e01e39a9d8a6d.jpg
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Миёни Тоҷикистону Русия 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки аз маориф то тиб, нафақа ва сайёҳиро фаро мегиранд. Маросими имзо дар ҳузури сарвазирони Тоҷикистону Русия, Қоҳир Расулзода ва Михаил Мишустин баргузор гардид. Дафтари матбуоти ҳукумати Русия аз ҷумла созишнома миёни вазоратҳои молияи ду кишварро зикр намудаст, ки марбути расондани кумаки техникӣ ба Тоҷикистон барои такмилу маъмурисозии андоз мебошад. Созишнома байни ҳукуматҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, таҳсил ва илми тиб аз санадҳои дигари имзошуда мебошад. Душанбе ва Маскав ҳамчунин барои ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемиологии аҳолӣ созиш намуданд. Созишнома байни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон дар бораи истифодаи мутақобилаи системаҳои электронии сертификатсияи истеҳсоли мол низ аз ҷониби роҳбарони мақомоти гумруки ду кишвар имзо гардиданд. Санади дигар заминаи ҳуқуқӣ барои эътирофи мутақобилаи унвону дараҷаҳои илмӣ миёни Тоҷикистону Русия аст. Созишномаи дигари маъмурӣ байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Русия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дар бораи татбиқи созишномаи қаблан имзогардида дар соҳаи нафақа мебошад. Харитаи роҳ дар бахши сайёҳӣ, нақшаи ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи саноат, Барномаи ҳамкориҳои варзишӣ барои солҳои 2023-2025 аз санадҳои дигари имзогардида миёни Тоҷикистону Русия мебошанд.
https://sputnik.tj/20230303/farmoni-putin-orden-rasulzoda-1055285103.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/03/1055288611_97:0:2828:2048_1920x0_80_0_0_2282e6bbc363b6ca5fed6cdaad60ec05.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имзо, созишнома, миён, тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ
имзо, созишнома, миён, тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ
Душанбею Маскав кадом созишномаҳои навро имзо карданд?
Дар доираи сафари дурӯзаи сарвазири Русия ба пойтахти Тоҷикистон ва музокирот бо ҳамтои тоҷик миёни ду кишвар санадҳои ҷадид ба имзо расиданд
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Миёни Тоҷикистону Русия 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки аз маориф то тиб, нафақа ва сайёҳиро фаро мегиранд. Маросими имзо дар ҳузури сарвазирони Тоҷикистону Русия, Қоҳир Расулзода ва Михаил Мишустин баргузор гардид.
Дафтари матбуоти ҳукумати Русия аз ҷумла созишнома миёни вазоратҳои молияи ду кишварро зикр намудаст, ки марбути расондани кумаки техникӣ ба Тоҷикистон барои такмилу маъмурисозии андоз мебошад.
Созишнома байни ҳукуматҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, таҳсил ва илми тиб аз санадҳои дигари имзошуда мебошад.
Душанбе ва Маскав ҳамчунин барои ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемиологии аҳолӣ созиш намуданд.
Созишнома байни ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон дар бораи истифодаи мутақобилаи системаҳои электронии сертификатсияи истеҳсоли мол низ аз ҷониби роҳбарони мақомоти гумруки ду кишвар имзо гардиданд.
Санади дигар заминаи ҳуқуқӣ барои эътирофи мутақобилаи унвону дараҷаҳои илмӣ миёни Тоҷикистону Русия аст.
Созишномаи дигари маъмурӣ байни Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Русия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дар бораи татбиқи созишномаи қаблан имзогардида дар соҳаи нафақа мебошад.
Харитаи роҳ дар бахши сайёҳӣ, нақшаи ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи саноат, Барномаи ҳамкориҳои варзишӣ барои солҳои 2023-2025 аз санадҳои дигари имзогардида миёни Тоҷикистону Русия мебошанд.