Премьер-министр РФ М. Мишустин спускается по трапу - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо
Боздиди сарвазири Русия аз Тоҷикистон рӯзҳои 2 ва 3 март дар назар аст

Тоҷикистону Русия ҳамкорӣ дар бахши авиатсияи шаҳрвандиро тақвият медиҳанд

© Pixabay / Самолет в небе
Самолет в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2023
Обуна шудан
Донишкадаи русиягӣ ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон дар заминаи омодасозии кадрҳои миллӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон густариш медиҳад
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании Маскав ҳамкориро бо Тоҷикистон тақвият медиҳад.
Ин масъала зимни дидори ректори донишгоҳ Борис Елисеев бо муовини директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Азиз Набизода дар пойтахти Русия баррасӣ шуд.
Дар рафти гуфтушунид дар бораи вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи омода кардани кадрҳои миллй барои Тоҷикистон ва такмили ихтисоси мутахассисони ҷумҳурӣ созишҳо ба даст оварда шуданд.
Пассажиры поднимаются на борт самолета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2023
Наздики як миллион мусофир: Дар фурудгоҳи Хуҷанд аз саҳми ширкатҳои ҳавоии Русия гуфтанд
Ғайр аз ин, мавзӯоти тадқиқоти якҷояи илмӣ кор карда баромада шуд.
Набизода аз технопарки ҳавопаймоҳои бесарнишини донишгоҳ дидан карда, аз маҷмааи таълимӣ-техникӣ, лабораторияҳо ва осорхонаи МДТУ ҒА шинос шуд ва ҳамчунин бо донишҷӯёни тоҷикистонии донишгоҳ мулоқот намуд.
Ба гуфтаи Елисеев, созишномаҳои дар пайи мулоқот ҳосилшуда ҳарчи зудтар дар амал татбиқ хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0