Наздики як миллион мусофир: Дар фурудгоҳи Хуҷанд аз саҳми ширкатҳои ҳавоии Русия гуфтанд

© Sputnik / Кирилл КаллиниковПассажиры поднимаются на борт самолета
Пассажиры поднимаются на борт самолета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2023
Обуна шудан
Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд хабар додааст, ки дар соли гузашта аксари мусофирон тавассути ширкатҳои ҳавоии Русия парвоз кардаанд
ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд давоми як соли охир наздик ба як миллион мусофир хизмат расонидааст, гуфт дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ мудири кулли Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд Қурбони Алимардон.
Ба гуфтаи вай, аз шумори умумии хатсайрҳо беш аз 910 ҳазор мусофирон истифода кардаанд.
Бо таъкиди ин нукта ӯ, аз чаҳор ширкатҳои ҳавопаймоӣ ном бурд, ки дар ин давра аз ҳама бештар ба мусофирон хизмат расонидаанд.
“Аз ҷумла тариқи тайёраҳои ширкати “Уральские авиалинии”, 543,5 ҳазор, бо ҳавопаймоҳои ширкати “Сибирь” 209,4 ҳазор, тавассути ширкати “ЮтЭйр” 30,5 ҳазор ва тавассути тайёраҳои “Сомон Эйр” 77 ҳазор парвоз кардаанд” – гуфт, директори Фурудгоҳи Хуҷанд.
Тибқи иттилоъи масъулин давоми соли 2022 дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар умум 910, 9 ҳазор мусофир хизмат расонида шудааст. Аз ҷумла 462,3 ҳазор мусофир парвоз карда, 448, 5 ҳазори дигар фуруд омадаанд.
Самолет авиакомпании Аэрофлот. Архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2023
"Аэрофлот" ба Душанбе парвозҳои мунтазам роҳандозӣ мекунад
Тибқи маълумотҳои оморӣ ин нишондиҳанда давоми чанд соли охир бори аввал ба даст омадааст. Аз ҷумла нисбат ба соли 2021 537,2 ҳазор мусоир ё сурати афзоиши хизматрасонӣ 243,8 дарсад зиёд гуфта мешавад.
Дар ин давра ҳаҷми даромади Фурудгоҳи Хуҷанд 139,5 млн сомонӣ баробар шудааст, ки назар ба соли гузашта 116,8 млн сомонӣ ва ё 87 дарсад афзудааст.
Соли 2022 Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бо пардохти 52 миллион сомонӣ аз қатори андозсупорандагони бузург дар кишвар ном гирифта шудааст.
Соли 2021 ҳаҷми пардохти маблағи андози он ҳамагӣ 16,5 миллион сомонӣ буд.
Лентаи хабарҳо
0