Премьер-министр РФ М. Мишустин спускается по трапу - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо
Боздиди сарвазири Русия аз Тоҷикистон рӯзҳои 2 ва 3 март дар назар аст

Михаил Мишустин озими Душанбе шуд: барномаи сафар сарвазири Русия

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр РФ М. Мишустин спускается по трапу
Премьер-министр РФ М. Мишустин спускается по трапу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2023
Обуна шудан
Ҳадафи сафари сарвазири Русия ба Тоҷикистон тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дигар бахшҳои муҳим буда, интизор меравад бо Эмомалӣ раҳмон низ мулоқот кунад
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Сарвазир ва ҳамзамон раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин вориди Тоҷикистон шуд.
Ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамтои тоҷикаш Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд, хабар медиҳад "Ховар".
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин сафари кории сарвазири Русия ба Тоҷикистон аст.
Интизор меравад, ки давоми рӯз мулоқоти Мишустин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир шавад.
"Худи ҳамин рӯз Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия бо арзи эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллат тоҷик дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузарад", - афзудааст манбаъ.
Маврид ба зикр аст, ки номбурда дар Конфронси 9-уми ҳамкории байниминтақавӣ ва бизнес-форуми Тоҷикистон ва Русия, ки дар Душанбе идома дорад, иштирок менамояд.
Рукопожатие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2023
Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо
Вилояти Олтайи Русия мехоҳад бо Тоҷикистон равобити иқтисодӣ барқарор намояд
Ҳамазамон гуфта мешавад, ки ӯ аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Юрий Гагарин боздид карда,
Музокироти васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия бошад, фардо дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0