https://sputnik.tj/20230302/viloyati-oltayi-rusiya-tojikiston-ravobit-iqtisod-1055253711.html
Вилояти Олтайи Русия мехоҳад бо Тоҷикистон равобити иқтисодӣ барқарор намояд
Вилояти Олтайи Русия мехоҳад бо Тоҷикистон равобити иқтисодӣ барқарор намояд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳошияи конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон намояндагони бахши маориф ва иқтисоди вилояти Олтой дар Душанбет ҳузур доранд
2023-03-02T14:35+0500
2023-03-02T14:35+0500
2023-03-02T14:35+0500
сафари михаил мишустин ба тоҷикистон - охирин хабарҳо
дар тоҷикистон
дар русия
ҳамкорӣ
олтой
равобит
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102762/94/1027629411_0:0:1200:676_1920x0_80_0_0_66ff30e070791074ebbc36fa438f09a7.jpg
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар пойтахти Точикистон намояндагони вилояти Олтой талош хоҳанд кард бо ҷумҳурӣ ҳамкории иқтисодиро ба роҳ монанд.Ҳайати ин вилоятии Русия дар конфронси ҳамкориҳои байналмилалии Русия ва Тоҷикистон фаъолона ширкат доранд, хабар додааст мақомоти ин вилоят.Ҳайати вакилони як минтақаи бузурги Русияро муовини раиси ҳукумати вилоят Игор Степаненко раҳбарӣ мекунад.Ба ҳайати намояндагони Олтой инчунин иҷрокунндаи вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории ин вилояти Русия Ирина Лазаренко, муовини ректор дар умури рушд ва робитаҳои байналмилалӣ Евгений Кайгородов дохил шудаанд.Инчунин мудири техникуми индустриалию иктисодии Олтой Роман Шабанов ва директори ширкати тиҷории “ТЗС-Сибир” шомил мебошанд.Тибқи барнома, иштирокдорон на танҳо дар ҷаласаҳои панелии саноатӣ, балки дар мулоқотҳо бо шарикони тоҷик ширкат хоҳанд кард.Илова бар ин, музокирот бо раҳбарони Вазорати кишоварзӣ ва Оҷонси содироти Тоҷикистон дар назар аст.Қобили зикр аст, ки ин чорабинӣ ба манзури тавсеаи ҳамкориҳои миёни кишварҳо дар чаҳорчӯби сафари нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар Душанбе баргузор мешавад.Вай дар ҷаласаи планерӣ ҳамроҳ бо сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар иштирок хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20230302/rusiya-tojikiston-tajriba-khudidorakun-tabodul-nazar-1055252870.html
олтой
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102762/94/1027629411_141:0:1200:794_1920x0_80_0_0_c6bca8e9e771c509ec590491013c494f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вилояти олтой, русия, конфронс, ҳамкорӣ, намоянда, душанбе, иқтисод
тоҷикистон, вилояти олтой, русия, конфронс, ҳамкорӣ, намоянда, душанбе, иқтисод
Вилояти Олтайи Русия мехоҳад бо Тоҷикистон равобити иқтисодӣ барқарор намояд
Дар ҳошияи конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон намояндагони бахши маориф ва иқтисоди вилояти Олтой дар Душанбет ҳузур доранд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар пойтахти Точикистон намояндагони вилояти Олтой талош хоҳанд кард бо ҷумҳурӣ ҳамкории иқтисодиро ба роҳ монанд.
Ҳайати ин вилоятии Русия дар конфронси ҳамкориҳои байналмилалии Русия ва Тоҷикистон фаъолона ширкат доранд, хабар додааст мақомоти ин вилоят.
Ҳайати вакилони як минтақаи бузурги Русияро муовини раиси ҳукумати вилоят Игор Степаненко раҳбарӣ мекунад.
Ба ҳайати намояндагони Олтой инчунин иҷрокунндаи вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории ин вилояти Русия Ирина Лазаренко, муовини ректор дар умури рушд ва робитаҳои байналмилалӣ Евгений Кайгородов дохил шудаанд.
Инчунин мудири техникуми индустриалию иктисодии Олтой Роман Шабанов ва директори ширкати тиҷории “ТЗС-Сибир” шомил мебошанд.
Тибқи барнома, иштирокдорон на танҳо дар ҷаласаҳои панелии саноатӣ, балки дар мулоқотҳо бо шарикони тоҷик ширкат хоҳанд кард.
Илова бар ин, музокирот бо раҳбарони Вазорати кишоварзӣ ва Оҷонси содироти Тоҷикистон дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки ин чорабинӣ ба манзури тавсеаи ҳамкориҳои миёни кишварҳо дар чаҳорчӯби сафари нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар Душанбе баргузор мешавад.
Вай дар ҷаласаи планерӣ ҳамроҳ бо сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дар иштирок хоҳад кард.