Гаравгонгирии чанд нафар дар як мағоза дар вилояти Брянск

© Sputnik / Виктор Антонюк / Гузариш ба медиабонкБоец ЧВК "Вагнер"
Боец ЧВК Вагнер  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2023
Обуна шудан
Шахсони номаълум дар деҳаи Любечани вилояти Брянски Русия чанд сокини маҳалллиро дар як мағозаи маҳаллӣ гаравгон гирифтанд
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Дар вилояти Брянск чанд нафарро гаравгон гирифтанд, хабар иттилоъ додааст сухангӯи хадамоти фаврии Русия РИА “Новости”.
“Тибқи маълумоти пешакӣ дар як мағозаи деҳаи Любечан чанд нафар гарвгон гирифта шуданд”, - хабар додааст манбаъ.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир таҳқиқи ин ҳодиса ва ҳуввияти шахсон идома дорад.
Қаблан маълум шуд, ки нерӯҳои иктишофии тахрибкори украинӣ вориди деҳа шуда буданд. Онҳо ба сӯи мошин тир холӣ карданд, дар натиҷа як сокини маҳаллӣ кушта ва як кӯдак захмӣ гардид.
Здание Пентагона в США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пентагон бар он аст, ки низоъ дар Украина метавонад чанд сол давом кунад
Ба гуфтаи губернатор Александр Богомаз, нерӯҳои амниятӣ барои нест кардани ин нерӯҳои тахрибкори украинӣ тамоми чораҳоро андешидаанд.
Ба гуфтаи ӯ, рустои Ломаковкаи ноҳияи Стародуб низ бо хумпораандоз зери оташ қарор гирифтааст.
"Дар натиҷа тирандозӣ касе осеб надидааст, ду хонавода хисорот дидаанд",-гуфт губернатор дар Telegram канали худ.
Хадамоти фаврӣ дар ҷойи ҳодиса ҷойгир аст. Ҳама ҳодисаҳои рухдода таҳқиқ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0