Суғд омодаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба вилояти Нижегороди Русия аст

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдТашрифи соҳибкорон ва намояндагони мақомоти давлатии вилояти Нижегороди Русия ба вилояти Суғд
Ташрифи соҳибкорон ва намояндагони мақомоти давлатии вилояти Нижегороди Русия ба вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2023
Обуна шудан
Соҳибкорон ва намояндагони мақомоти давлатии вилояти Нижегороди Русия барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷорӣ ба вилояти Суғди Тоҷикистон омаданд
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Бо мақсади густариши робитаҳои иқтисодӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату савдо ва кишоварзӣ гуруҳи бузурги соҳибкорон ва намояндагони мақомоти давлатии вилояти Нижегороди Русия ба вилояти Суғд омаданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба гуфтаи манбаъ ташрифи ҳайати меҳмонон натиҷаи сафари кории роҳбарияти вилояти Суғд ба вилояти Нижегород мебошад, ки даҳаи аввали моҳи феврал ба вуқуъ пайваста буд.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳо ҳамкории мутақобила ва судманди тарафҳо ба роҳ монда шуда, амалисозии лоиҳаҳои хурду бузург дар назар дошта шудааст.​
Қайд карда шудааст, ки ҳайати меҳмононро Артем Баранов, муовини вазири саноат, савдо ва соҳибкории вилояти Нижегород роҳбарӣ мекунад.
Работа грузового контейнерного терминала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2023
Мубодилаи колои вилояти Суғд беш аз 40% афзоиш ёфт
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо ҳайати вилояти Нижегороди Русия таъкид дошт, ки дар вилоят ба рушди соҳаи саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса равона гардида, молу маҳсулоти истеҳсолкунандагон ба хориҷи кишвар, аз ҷумла минтақаҳои гуногуни Русия содирот карда мешавад.​
Артем Баранов дар навбати худ таъкид дошт, ки сафари соҳибкорони вилояти Нижегород баҳри густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
“Дар вилояти Нижегород саноати мошинсозӣ, саноати сабук ва коркард хело рушд карда, соҳибкорони рус омодаанд бо соҳибкорони тоҷик якҷо лоиҳаҳои муштаракро амалӣ намоянд”, - гуфт ӯ.​
Ҳамзамон раиси вилояти Суғд зимни мулоқт гуфт, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои васеъ буда, барои ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла саноати мошинсозӣ, истеҳсоли техникаҳои коммуналӣ, саноати сабук, коркарди пашм, истеҳсол, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, сайёҳӣ омода аст.
Лентаи хабарҳо
0