Мубодилаи колои вилояти Суғд беш аз 40% афзоиш ёфт

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкРабота грузового контейнерного терминала
Работа грузового контейнерного терминала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2023
Обуна шудан
Бозори Русия барои тоҷирони вилояти Суғд муҳим мебошад. Ба ин кишвар аксари моли содиротии вилоят рост меояд ва ин кишвар дар мақоми намоён қарор гирифтааст.
ДУШАНБЕ, 20 фев - Sputnik. Дар ин давра Русия барои ворид намудани 27,3 дарсад маҷмӯи умумии мол ба вилояти Суғди Тоҷикистон дар мақоми намоён қарор гирифтааст
Дар ин бора Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ, таъкид намуд, ки ҳаҷми гардиши моли гумрукӣ дар як соли охир ба 3 млрд 185, 6 млн доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли 2021, 922 млн доллар ва ё 41% афзудааст.
Бино ба гуфти мақомот дар ин давра ҳиссаи содирот 1,1 млрд доллар ва саҳми воридоти мол ба 2,1 млрд доллар ҳисоб шудааст.
Зафар Маҳмадиев гардиши мол миёни вилояти Суғди Тоҷикистон бо кишварҳоро шарҳ дод.

“Содироти мол ба кишвари Қазоқистон 43,5%, Чин 20,8%, Ӯзбекистон 9,6%, Белгия 9,5%, Русия 4,1% ва Эрон 3,8% ҳисоб шудааст. Аз ҷумла воридоти мол, аз Қазоқистон 34,7%, Русия 27,3%, Чин 11,9% ва Ӯзбекистон ба 8,8% рост меояд” – хабар дод, сардори Раёсати гумруки Суғд.

Дар соли 2022 аз ҳудуди вилоят содироти нахи пахта ба маблағи 10,1 млн доллар, маҳсулотҳои кишоварзӣ 13,1 млн доллар, либосворӣ 3,1 млн доллар, маъдан ва консентрат 388 млн доллар бештар гардидааст.
Национальные флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2022
Афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон: омори нав
Дар ин давра чанде аз моли содиротӣ ба монанди калобаи пахтагӣ 5,1 млн. доллар, чарм 491 ҳазор доллар ва пилла бо маблағи 320 ҳазор доллар коҳиш ёфтааст.
Зимнан таъкид гардид, ки давоми як соли охир сӯзишвории авиатсионӣ бо маблағи 13 млн доллар, бензин 33 млн. доллар, воситаҳои нақлёт 49 млн. доллар, чӯбу тахта 25,1 млн. доллар, ангишт 1,4 млн. доллар, гандум 65,3 млн. доллар, обҳои ташнашикану ҷав 2,3 млн. доллар, рангҳои сохтмонӣ 1,3 млн. доллар, сӯзишвории дизелӣ 29 млн. доллар, равғани растанӣ 15 млн. доллар, ва нуриҳои минералӣ 6 млн. доллар ворид карда шудааст.
Гуфта мешавад, соли 2022 савдои беруна байни Суғд ва кишварҳои Итттиҳоди давлатҳои мустақил ба 2,1 млрд доллар расидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 489 млн доллар ё 29 дарсад бештар будааст.
Лентаи хабарҳо
0