https://sputnik.tj/20230301/qarori-rustami-emomali-yarmarka-mahsulot-kishovarzi-1055225943.html
Қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ
Қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ
Sputnik Тоҷикистон
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт нақшаи баргузории ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2023 тасдиқ карда шуд
2023-03-01T09:02+0500
2023-03-01T09:02+0500
2023-03-01T09:02+0500
дар тоҷикистон
ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ
нақша
тасдиқ
раиси шаҳр
душанбе
тасдиқ
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102736/77/1027367795_0:104:1001:667_1920x0_80_0_0_b8bb392222a182c527192f4b79ef909f.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар— Sputnik. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2023 тасдиқ карда шуд, иттилоъ додааст шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории ярмаркаҳои мазкур таъмини сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ мебошад.Дар асоси қарори мазкур раиси шаҳр ба сохторҳои давлатӣ супориш додааст, ки бароиташкилу гузаронидани ярмаркаҳои мазкур дар пойтахт тадбирҳои муассир андешанд.Раиси шаҳр инчунин ба раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсии пойтахт супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо сохтори марбутаи шаҳр бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, аз ҷумла ҷойгир кардани ғуфра ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.Ҳамзамон ба Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки хизматрасонии ташхиси маҳсулоти гӯштию шириро ҳангоми баргузории ярмаркаҳо тариқи ройгон амалӣ намоянд.Инчунин муассисаи давлатии "Рекламаи берунӣ ва ороишӣ"-и шаҳри Душанбе низ барои ороиши макони ярмаркаҳо бо лавҳа ва шиору навиштаҷоти идона вазифадор карда шуд.
https://sputnik.tj/20220930/tashkili-yarmarka-furushi-angisht-viloyati-sugd-1051776080.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102736/77/1027367795_13:0:902:667_1920x0_80_0_0_31afbf266c5c20fafc6bd52aaca129cf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, рустам эмомалӣ, қарор, ярмарка, фурӯш, маҳсулот, кишоварзӣ, душанбе, нақша, тасдиқ
тоҷикистон, рустам эмомалӣ, қарор, ярмарка, фурӯш, маҳсулот, кишоварзӣ, душанбе, нақша, тасдиқ
Қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе дар пойтахт нақшаи баргузории ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2023 тасдиқ карда шуд
ДУШАНБЕ, 1 мар— Sputnik. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2023 тасдиқ карда шуд, иттилоъ додааст шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории ярмаркаҳои мазкур таъмини сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ мебошад.
Дар асоси қарори мазкур раиси шаҳр ба сохторҳои давлатӣ супориш додааст, ки бароиташкилу гузаронидани ярмаркаҳои мазкур дар пойтахт тадбирҳои муассир андешанд.
Раиси шаҳр инчунин ба раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсии пойтахт супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо сохтори марбутаи шаҳр бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани чорабиниҳои мазкур, аз ҷумла ҷойгир кардани ғуфра ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон ба Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастур дода шудааст, ки хизматрасонии ташхиси маҳсулоти гӯштию шириро ҳангоми баргузории ярмаркаҳо тариқи ройгон амалӣ намоянд.
Инчунин муассисаи давлатии "Рекламаи берунӣ ва ороишӣ"-и шаҳри Душанбе низ барои ороиши макони ярмаркаҳо бо лавҳа ва шиору навиштаҷоти идона вазифадор карда шуд.