Ташкили мунтахаби футболи бонувони Афғонистон

© Sputnik / Павел БедняковМяч на игровом поле.
Мяч на игровом поле. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2023
Обуна шудан
Ахиран Федератсияи футболи Афғонистон эълом кард, ки дар ба наздики мунтахаби фқтболи бонувони афғонро, ки аз байн рафта аст дубора ташкил хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Федератсияи футболи Афғонистон ахиран хабар дод, ки аз бонувони футболист дар дохил ва хориҷ аз ин кишвар даъват кард, ки ба ин мунтахаб дубора дохил шаванд, иттилоъ додааст, хабаргузории “Садои афғон”
“Пас аз баррасии ҳамаҷониба тавассути кадри фании ҷадиди тими миллии футболи бонувони Афғонистон, ки ба зуди муъаррифи хоҳанд шуд бозикунони дорои шаройт ба як маъракаи интихоби даъват шуда то сармурабии бозикунонои мадиназарашро барои бози дар тими миллии футболи бонувон интихоб кунад”, - итттилоъ додааст Федератсияи футболи Афғонистон.
Аҳмадуллоҳи Васиқ, узви кумитаи фарҳангии Толибон гуфта буд, ки занон наметавонанд варзиш кунанд, зеро мумкин аст чеҳраву андоми онон дар маърази диди номаҳрамоне қарор бигирад ва ислом ин иҷозаро намедиҳад.
Афганская женщина. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2022
Маҳдудияти дигари толибҳо барои занон дар Афғонистон
Занони варзишкор дар Ҳирот мегӯянд бо мамнуъ шудани варзиши бонувон дар Афғонистон тамоми талошҳои онҳо бенатиҷа монд.
Бархе аз бонувон аз гуруҳи толибҳо мехоҳанд, ки монанди кишварҳои исломӣ иҷоза диҳад занон ҳам варзиш кунанд.
Бонувони варзишкор мегуяд бо омадани Толибон тамоми орзӯҳояшон дар варзиш аксарашон хонанишин шуданд дигар ҳеҷ умеде надоранд.
Ҳазорон тан аз варзишкорони зан дар Афғонистон аст, ки ҳоло аз фаъолиятҳои варзишӣ маҳрум шуданд ва дар ноумедӣ ба зиндагӣ идома медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0