https://sputnik.tj/20221225/mahdudiyati-digari-tolibho-baroi-zanon-dar-afghoniston-1053783336.html
Маҳдудияти дигари толибҳо барои занон дар Афғонистон
Маҳдудияти дигари толибҳо барои занон дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Маҳдудияти ҷадиде, ки ҳукумати толибҳо дар Афғонистон барои занон ҷорӣ намудааст, кори бисёре аз созмонҳои башардӯстона дар кишварро халалдор мекунад
2022-12-25T16:32+0500
2022-12-25T16:32+0500
2022-12-25T16:36+0500
дар ҷаҳон
толиб
афғонистон
иҷтимоъ
занон
кор
созмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/19/1053778654_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_dfe15048fb131d93de49a30a53556610.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ҳукумати толибҳо дар Афғонистон дастур додааст, ки занон аз кор дар созмонҳои ғайридавлатӣ хориҷ шаванд.Дар ин бора шабакаи телевизионии маҳаллии TOLOnews бо такя ба вазорати иқтисоди Афғонистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, маҳдудият ҳам ба созмонҳои ғайриҳукуматии байналмилалӣ ва ҳам ватанӣ дахл дорад.Вазорати иқтисод ҳушдор додааст, ки муҷаввизи сохторҳое, ки ба ин дастур амал намекунанд, лағв карда мешавад.Маҳдудияти нав вокуниши шадидро ба вуҷуд овард. Намояндагони созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ изҳори нигаронӣ карданд, ки ин маҳдудият кори бисёре аз созмонҳои башардӯстонаро, ки дар саросари кишвар, ки ба гурӯҳҳои осебпазири мардуми Афғонистон, бахусус занону духтарон кумак мекунанд, халалдор мекунад.Пештар вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққати толибҳо бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯи духтарон хабар доданд. Ин иқдоми толибони вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибон интиқод кардад ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.Дар вокуниш раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд гуфт, дарвозаи сохтмони донишгоҳу мактабро метавон баста кард, аммо дари илму донишро наметавон баст. Аҳмад Масъуд дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки "мактабро ба хона бибаред, мутафовит фикр кунеду мутафовит мубориза кунед".
https://sputnik.tj/20221224/dukhtaron-afghon-huquq-tahsil-muboriza-aks-1053774282.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/19/1053778654_193:0:2924:2048_1920x0_80_0_0_26d2cff8e9ee3c926d6595bb7f3f7d00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толиб, афғонистон, кор, зан, маҳдуд
толиб, афғонистон, кор, зан, маҳдуд
Маҳдудияти дигари толибҳо барои занон дар Афғонистон
16:32 25.12.2022 (Навсозишуда: 16:36 25.12.2022) Маҳдудияти ҷадиде, ки ҳукумати толибҳо дар Афғонистон барои занон ҷорӣ намудааст, кори бисёре аз созмонҳои башардӯстона дар кишварро халалдор мекунад
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ҳукумати толибҳо дар Афғонистон дастур додааст, ки занон аз кор дар созмонҳои ғайридавлатӣ хориҷ шаванд.
Дар ин бора шабакаи телевизионии маҳаллии TOLOnews бо такя ба вазорати иқтисоди Афғонистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, маҳдудият ҳам ба созмонҳои ғайриҳукуматии байналмилалӣ ва ҳам ватанӣ дахл дорад.
Вазорати иқтисод ҳушдор додааст, ки муҷаввизи сохторҳое, ки ба ин дастур амал намекунанд, лағв карда мешавад.
Маҳдудияти нав вокуниши шадидро ба вуҷуд овард. Намояндагони созмонҳои ғайридавлатии байналмилалӣ изҳори нигаронӣ карданд, ки ин маҳдудият кори бисёре аз созмонҳои башардӯстонаро, ки дар саросари кишвар, ки ба гурӯҳҳои осебпазири мардуми Афғонистон, бахусус занону духтарон кумак мекунанд, халалдор мекунад.
Пештар вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққати толибҳо бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯи духтарон хабар доданд. Ин иқдоми толибони вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба дунбол дошт.
Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибон интиқод кардад ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд.
Дар вокуниш раҳбари ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмад Масъуд гуфт, дарвозаи сохтмони донишгоҳу мактабро метавон баста кард, аммо дари илму донишро наметавон баст.
Аҳмад Масъуд дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки "мактабро ба хона бибаред, мутафовит фикр кунеду мутафовит мубориза кунед".