Ҳалокати ду зан дар канори роҳ дар ноҳияи Ванҷ

© Sputnik / Амир ИсаевЦеремония передачи Россией автомобилей скорой медицинской помощи Таджикистану
Церемония передачи Россией автомобилей скорой медицинской помощи Таджикистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2023
Обуна шудан
Ду сокини ноҳияи Ванҷ, ки дар канори роҳ дар ҳудуди ҷамоати Техарви ноҳияи меистодаанд, зери чархи "Трактор" мондаанд, ки ба қафо ҳаракат доштааст
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сабаби ҳалокати ду зан дар канори роҳ дар ноҳияи Ванҷро ноуҳдабароии ронанда мегӯяд.
Ба иттилои ВУД, ронандаи 53-солаи “Трактор”, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Техарв аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон - ду зани 41 ва 65-соларо зер кардааст.
Манбаъ афзуд, ҳалокшудагон сокинони ноҳияи Ванҷ мебошанд, ки дар канори роҳ аз қафои нақлиёт меистоданд. Тавзеҳ дода шуд, ки ронанда ҳангоми ҳаракат ду занро надида, зер кардааст.
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2023
Дар Хатлон дар як моҳ дар садамаҳои нақлиётӣ 21 нафар кушта шудааст
"Дар натиҷа, номбурдагон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад", - омадааст дар иттилоия.
Ин нохушӣ дар ҳолест, ки ҳамасола дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳо садҳо нафар куштаю маҷруҳ мешаванд.
Масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳои нақлиётӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил мегӯянд.
Муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ аз сабабҳои асосии дигари садамаҳои нақлиётӣ арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0