https://sputnik.tj/20230301/dodugirifti-viloyati-sugd-mintaqahoi-rusiya-1055242349.html
Додугирифти вилояти Суғд бо минтақаҳои Русия ба 617 млн доллар расид
Додугирифти вилояти Суғд бо минтақаҳои Русия ба 617 млн доллар расид
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд дар гуфтугӯ бо муовини вазири саноат ва савдои Русия гуфт гардиши савдои хориҷии вилоят бо минтақаҳои мухталифи Русия сол аз сол афзоиш меёбад
2023-03-01T20:25+0500
2023-03-01T20:25+0500
2023-03-01T20:25+0500
дар тоҷикистон
додугирифт
тиҷорат
савдо
дар русия
раҷаббой аҳмадзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/01/1055241914_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_64dfe48ce0288a6e92a09d7be3038dee.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд бо минтақаҳои Русия сол аз сол афзуда, дар соли 2022 ба 616,6 млн доллар баробар шуд.Дар ин бора раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо муовини вазири саноат ва савдои Русия Алексей Груздев хабар додааст.Ба гуфтаи раиси вилояти Суғд вилоят бо минтақаҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Нижегород, Свердлов, Челябинск, Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Липетск, Воронеж, Красноярск, Алтай, Доғистон ва ғайраҳо ҳамкории зич дорад.Дар ин мулоқот тазаккур дода шуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, ҷонибҳо метавонанд бо сармоягузории муштарак дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ тарҳҳои навро амалӣ созанд, ки барои рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши гардиши молу маҳсулот мусоидат намояд.Раҷаббой Аҳмадзода инчунин дар бораи вазъи кунунии соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда, маҳсулоти содиротӣ, фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд", фазои мусоиди сармоягузорӣ маълумот дод ва омодагии вилоятро барои тавсеаи ҳамкориҳо баён дошт.Муовини вазири саноат ва савдои Русия Алексей Груздев қайд кард, ки ҳадафи сафар, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилояти Суғд, мусоидати вазорати саноат ва савдо дар густариши робитаҳои иқтисодӣ мебошад.Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкориҳо ва ҳусни тафоҳум ба анҷом ёфт.
https://sputnik.tj/20230301/sugd-omoda-sodiroti-mahsuloti-kishovarzi-rusiya-1055239985.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/01/1055241914_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_4dfe132dc26890e3f758cbf9118433fb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вилояти суғд, тиҷорат, додугирифт, русия, афзоиш
тоҷикистон, вилояти суғд, тиҷорат, додугирифт, русия, афзоиш
Додугирифти вилояти Суғд бо минтақаҳои Русия ба 617 млн доллар расид
Раиси вилояти Суғд дар гуфтугӯ бо муовини вазири саноат ва савдои Русия гуфт гардиши савдои хориҷии вилоят бо минтақаҳои мухталифи Русия сол аз сол афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд бо минтақаҳои Русия сол аз сол афзуда, дар соли 2022 ба 616,6 млн доллар баробар шуд.
Дар ин бора раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот бо муовини вазири саноат ва савдои Русия Алексей Груздев хабар додааст.
Ба гуфтаи раиси вилояти Суғд вилоят бо минтақаҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Нижегород, Свердлов, Челябинск, Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Липетск, Воронеж, Красноярск, Алтай, Доғистон ва ғайраҳо ҳамкории зич дорад.
Дар ин мулоқот тазаккур дода шуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, ҷонибҳо метавонанд бо сармоягузории муштарак дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ тарҳҳои навро амалӣ созанд, ки барои рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши гардиши молу маҳсулот мусоидат намояд.
Раҷаббой Аҳмадзода инчунин дар бораи вазъи кунунии соҳаҳои саноату кишоварзӣ, маҳсулоти дар вилоят истеҳсолшаванда, маҳсулоти содиротӣ, фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд", фазои мусоиди сармоягузорӣ маълумот дод ва омодагии вилоятро барои тавсеаи ҳамкориҳо баён дошт.
Муовини вазири саноат ва савдои Русия Алексей Груздев қайд кард, ки ҳадафи сафар, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилояти Суғд, мусоидати вазорати саноат ва савдо дар густариши робитаҳои иқтисодӣ мебошад.
Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкориҳо ва ҳусни тафоҳум ба анҷом ёфт.