Афзоиши истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон дар соли равон

© Sputnik / Амир ИсаевМясо на рынке, архивное фото
Мясо на рынке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2023
Обуна шудан
Истеҳсоли гӯшт назар ба соли гузашта 13,3% афзоиш ёфт. Дар ҳамин ҳол истеҳсоли гушти мурғ дар сатҳ пешина боқӣ монда, вале парвариши моҳӣ кариб 50% зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Аз аввали соли 2023 дар Тоҷикистон тавлиди гӯшт аз чорвои калону хурд афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад хабаргузории “Авеста” дар истинод ба Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ.
Дар моҳи январ афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,3%-ро ташкил дод.
Дар маҷмуъ дар моҳи аввали соли ҷорӣ 13,8 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол карда шуд.
Инчунин дар ҷумҳурӣ истеҳсоли моҳӣ низ афзудааст. Дар кишвар наздик ба 499 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст.
Птицеводство, архивная фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2022
Гӯшт зиёду тухму шир кам: хоҷагидорони Тоҷикистон чӣ ва чанд истеҳсол кардаанд?
Ин рақам нисбат ба моҳи январи соли гузашта 40,8% бештар аст.
Дар мавриди гӯшти парранда бошад, он ба дараҷаи соли гузашта мувофиқ буда, зиёда аз 3,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки мувофиқи маълумоти идорахои дахлдори бахши иқтисодии ҷумҳурӣ тамоюли пай дар пай афзудани истеҳсоли гӯшти парранда, асосан аз ҳисоби гӯшти мурғ мушоҳида карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0