https://sputnik.tj/20220713/kishovarzon-tojikiston-istehsol-1049972941.html
Гӯшт зиёду тухму шир кам: хоҷагидорони Тоҷикистон чӣ ва чанд истеҳсол кардаанд?
Гӯшт зиёду тухму шир кам: хоҷагидорони Тоҷикистон чӣ ва чанд истеҳсол кардаанд?
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон тавлиди ғалла, картошка ва гӯштро дар нимсолаи аввали соли равон зиёд карда, тавлиди шир, тухм, асал, пашм ва моҳиро коҳиш додаст
2022-07-13T21:20+0500
2022-07-13T21:20+0500
2022-07-13T21:36+0500
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
тухм
истеҳсол
тавлид
ғалла
чорво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102406/66/1024066672_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_8ad385ab32469f9efca441b06dadfeef.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Кишоварзони Тоҷикистон тайи 6 моҳи аввали соли равон ба маблағи беш аз 13 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки дар муқоиси ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2% зиёд мебошад. Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки аз ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ ба 8,5 млрд сомонӣ ва чорвопарварӣ ба 4,5 млрд сомонӣ баробар гардидаст. "Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ВМКБ 171 млн сомонӣ, дар вилояти Суғд 3,3 млрд сомонӣ, Хатлон 7,7 млрд сомонӣ, ноҳияҳои тобеи марказ 1,7 млрд сомониро ташкил додааст", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудааст, ки истеҳсоли ғалладона дар нимсолаи аввал муодили 688 ҳазор тонна шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта қариб 6% зиёд мебошад. Тавлиди картошка, ки нони дуюм дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад, дар давраи ҳисоботӣ ба 262 ҳазор тонна баробар шудааст. Истеҳсоли сабзавот 1 млрд тонна, полизӣ - 283 ҳазор тонна, мева 116 ҳазор тонна ва ангур 2,4 ҳазор тоннаро ташкил додаст. Дар мавриди чорводорӣ зикр шуд, ки истеҳсоли гӯшти чорво ва парранда тайи нимсолаи аввал дар вазни зинда қариб 94 ҳазор тоннаро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 ҳазор тонна зиёд мебошад. Инчунин иттилоъ дода шуд, ки бархе аз маҳсулоти кишоварзӣ дар қиёс бо нимсолаи аввали соли гузашта камтар истеҳсол гардидаанд. Дар ин феҳраст масъулони Вазорати кишоварзӣ ширро ном бурданд, ки 383 ҳазор тонна ё 2,3% камтар тавлид шудааст. Истеҳсоли тухм ба 576 млн дона баробар шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта қариб 25% кам гардидаст. Тавлиди пашм - 5 ҳазор тонна, моҳӣ - 1,1 ҳазор тонна, асал - 607 тонна баробар гардидааст, ки аз нишондоди соли қаблӣ камтар аст.
https://sputnik.tj/20220713/kolkhoz-klasterkunoni-tojikiston-khojagidori-1049968587.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102406/66/1024066672_206:0:1915:1282_1920x0_80_0_0_e80e8671583a692c8ede3ee18a6b1e09.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хоҷагидорон, тоҷикистон, тавлид, чанд
хоҷагидорон, тоҷикистон, тавлид, чанд
Гӯшт зиёду тухму шир кам: хоҷагидорони Тоҷикистон чӣ ва чанд истеҳсол кардаанд?
21:20 13.07.2022 (Навсозишуда: 21:36 13.07.2022) Тоҷикистон тавлиди ғалла, картошка ва гӯштро дар нимсолаи аввали соли равон зиёд карда, тавлиди шир, тухм, асал, пашм ва моҳиро коҳиш додааст
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Кишоварзони Тоҷикистон тайи 6 моҳи аввали соли равон ба маблағи беш аз 13 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки дар муқоиси ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2% зиёд мебошад.
Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки аз ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ ба 8,5 млрд сомонӣ ва чорвопарварӣ ба 4,5 млрд сомонӣ баробар гардидаст.
"Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ВМКБ 171 млн сомонӣ, дар вилояти Суғд 3,3 млрд сомонӣ, Хатлон 7,7 млрд сомонӣ, ноҳияҳои тобеи марказ 1,7 млрд сомониро ташкил додааст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки истеҳсоли ғалладона дар нимсолаи аввал муодили 688 ҳазор тонна шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта қариб 6% зиёд мебошад.
Тавлиди картошка, ки нони дуюм дар ҷумҳурӣ ба шумор меравад, дар давраи ҳисоботӣ ба 262 ҳазор тонна баробар шудааст. Истеҳсоли сабзавот 1 млрд тонна, полизӣ - 283 ҳазор тонна, мева 116 ҳазор тонна ва ангур 2,4 ҳазор тоннаро ташкил додаст.
Дар мавриди чорводорӣ зикр шуд, ки истеҳсоли гӯшти чорво ва парранда тайи нимсолаи аввал дар вазни зинда қариб 94 ҳазор тоннаро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки бархе аз маҳсулоти кишоварзӣ дар қиёс бо нимсолаи аввали соли гузашта камтар истеҳсол гардидаанд.
Дар ин феҳраст масъулони Вазорати кишоварзӣ ширро ном бурданд, ки 383 ҳазор тонна ё 2,3% камтар тавлид шудааст. Истеҳсоли тухм ба 576 млн дона баробар шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта қариб 25% кам гардидаст. Тавлиди пашм - 5 ҳазор тонна, моҳӣ - 1,1 ҳазор тонна, асал - 607 тонна баробар гардидааст, ки аз нишондоди соли қаблӣ камтар аст.