https://sputnik.tj/20230206/amonatbonk-doroi-daromadi-sof-1054699412.html
"Амонатбонк" ҳаҷми дороию даромади софашро гуфт
"Амонатбонк" ҳаҷми дороию даромади софашро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дороии бонки давлатии "Амонатбонк" дар Тоҷикистон дар соли 2022 ба андозаи наздик ба 43% афзоиш ёфта, ба 6,3 млрд сомонӣ баробар гардидаанд
2023-02-06T09:41+0500
2023-02-06T09:41+0500
2023-02-27T17:14+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
амонатбонк
фоида
соф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219898_0:30:3072:1758_1920x0_80_0_0_b0b88622f28f6e5e2e358ff1cd892c49.jpg
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Фоидаи софи "Амонатбонк" дар соли гузашта наздик ба 102 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбати соли гузашта беш аз 53% зиёд мебошад. Дар ин бора раёсати бонк зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии дороиҳои бонк ба андозаи 45% афзоиш ёфта, ба 6,3 млрд сомонӣ баробар гардидаанд. Дар зимн уҳдадориҳои бонк 5,6 млрд сомонӣ арзёбӣ шудааст, ки аз ҳаҷми дорои ҳудуди 700 млн сомонӣ камтар мебошад. Раёсати "Амонатбонк" таъкид намуд, ки қобилияти пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо саривақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронда мешаванд. Зикр гардид, ки бонки мазкур ҳамчунин ба буҷаи давлат давоми 12 моҳи соли гузашта ҳудуди 85 млн сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ворид кардааст. Таъкид гардид, ки "Амонатбонк" ба наздики 25 ҳазор корхонаҳои ташкилотҳо, зиёда аз 784 ҳазор нафақагир ва беш аз 1,8 млн амонатгузорон хидматрасонӣ кардааст. Шумораи кормандони ин бонки давлатӣ наздики 3 ҳазор нафар гуфта шуд, ки дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ фаъолият доранд.
https://sputnik.tj/20230120/se-bonki-nizomsozi-tojikiston-elon-1054377900.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044219898_188:0:2919:2048_1920x0_80_0_0_7c9f4fd7d09c48450679cd0e125d68fc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амонатбонк, дороӣ, ҳаҷм, чӣ қадар
амонатбонк, дороӣ, ҳаҷм, чӣ қадар
"Амонатбонк" ҳаҷми дороию даромади софашро гуфт
09:41 06.02.2023 (Навсозишуда: 17:14 27.02.2023) Дороии бонки давлатии "Амонатбонк" дар Тоҷикистон дар соли 2022 ба андозаи наздик ба 43% афзоиш ёфта, ба 6,3 млрд сомонӣ баробар гардидаанд
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Фоидаи софи "Амонатбонк" дар соли гузашта наздик ба 102 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбати соли гузашта беш аз 53% зиёд мебошад.
Дар ин бора раёсати бонк зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии дороиҳои бонк ба андозаи 45% афзоиш ёфта, ба 6,3 млрд сомонӣ баробар гардидаанд.
Дар зимн уҳдадориҳои бонк 5,6 млрд сомонӣ арзёбӣ шудааст, ки аз ҳаҷми дорои ҳудуди 700 млн сомонӣ камтар мебошад.
Раёсати "Амонатбонк" таъкид намуд, ки қобилияти пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо саривақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронда мешаванд.
Зикр гардид, ки бонки мазкур ҳамчунин ба буҷаи давлат давоми 12 моҳи соли гузашта ҳудуди 85 млн сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ворид кардааст.
Таъкид гардид, ки "Амонатбонк" ба наздики 25 ҳазор корхонаҳои ташкилотҳо, зиёда аз 784 ҳазор нафақагир ва беш аз 1,8 млн амонатгузорон хидматрасонӣ кардааст.
Шумораи кормандони ин бонки давлатӣ наздики 3 ҳазор нафар гуфта шуд, ки дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ фаъолият доранд.