Песков имкони музокирот бо Украинаро арзёбӣ кард

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкФлаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры
Флаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2023
Обуна шудан
Ҳадафҳои амалиёти вижаи низомии зидди Киев барои Русия авлавият доранд, аммо инро низ метавон дар сари мизи музокирот низ ҳал кард
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Русия аз воқеиятҳои нав дар шакли қаламравҳои навe конститутсия ва инчунин ҳадафҳои амалиёти вижа даст нахоҳад кашид.
Дар ин бора котиби матбуотии раисиҷумҳур Дмитрий Песков, эҳтимоли музокирот бо Украинаро чунин арзёбӣ карда.
Қаблан раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфта буд, ки лаҳзаи беназир барои қатъи низоъ дар Украина фаро расидааст, то он даме, ки Русия иқтисодро ба ҳолати ҷангӣ гузорад.
"Воқеиятҳои муайян вуҷуд доранд, воқеиятҳое, ки дар Русия аллакай ватанӣ шудаанд, манзурам манотиқи нави Русия аст. Сарқонуни Федератсияи Русия вуҷуд дорад, ки онро касе нодида гирифта наметавонад ва ҷониби Русия ҳеҷ гоҳ аз он даст кашида наметавонад. Ин воқеияти хеле муҳим аст", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафҳои амалиёти вижаи низомии зидди Киев барои Русия авлавият доранд, аммо инро низ метавон дар сари мизи музокирот низ ҳал кард.
Маскав то ҳол аз имконнопазирии музокироти бо Киев менигарад.
 Президент Беларуси Александр Лукашенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Шояд дигар чунин нашавад: Лукашенко аз шонси беназири поёни низоъ дар Украина гуфт
Қаблан низ коршиносон ба ишора ба музокироти ҷонибҳо гуфта буданд, ки ин танҳо имконпазир мешавад, агар ИМА бихоҳад.
Аммо дар айни ҳол ба гуфтаи онҳо Амрико барои расидан ба аҳдофаш ба идомаи низоъ манфиатдор аст ва барои режими Киев пулу аслиҳаро дар ин роҳ дареғ намедорад.
Лентаи хабарҳо
0