https://sputnik.tj/20230228/najotdihandagon-khf-barfkuchiho-nav-hushdor-1055207895.html
Наҷотдиҳандагони КҲФ аз барфкӯчиҳои нав ҳушдор доданд
Наҷотдиҳандагони КҲФ аз барфкӯчиҳои нав ҳушдор доданд
Sputnik Тоҷикистон
Қариб тамоми Тоҷикистон зери хатари тармаҳои нав қарор дорад. Тибқи пешгӯиҳои ноумедкунандаи обуҳаво, хатари офатҳои табиӣ дар роҳҳои кӯҳӣ боқӣ мемонад
2023-02-28T09:40+0500
2023-02-28T09:40+0500
2023-02-28T09:40+0500
кҳф
дар тоҷикистон
хатар
тарма
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
обу ҳаво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/1b/1055201596_0:143:3135:1906_1920x0_80_0_0_cc028b99378661ea6688b3b0981f47d7.jpg
ДУШАНБЕ, 27 февраль — Sputnik. Аз 27 то 28 феврал дар Тоҷикистон хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад, хабар медихад Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи граждании кишвар.КҲФ бо такя ба маълумоти ҳавошиносон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар иттилоъ медиҳад, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари фаромадани тарма дар назар аст. Муайян карда мешавад, ки офати табиӣ аз навоҳии куҳии тобеи ҷумҳурӣ, ғарбии ВМКБ, аз ҷумла манотиқи зерини роҳҳо имкон дорад сар занад: Душанбе – Чанак; Нуробод - Сангвор; Душанбе – Хоруғ; Хоруғ – Шуғнон; Хоруғ – Роштқалъа; Хоруғ — Ишкошим. Наҷотдиҳандагон аз аҳолӣ хоҳиш мекунанд, ки дар ин давраи хатарнок аз сафар ба маҳалҳои тармафаро худдорӣ намуда, ниҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд. Ба ҳамаи ронандагоне, ки сафарашонро ба таъхир андохта наметавонанд, тавсия карда мешавад, ки ҳангоми ба нақша гирифтани ҳаракат аз вазъияти роҳҳо шинос шаванд. "Ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ ва ё қитъаҳои хатарноки роҳҳо бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳо риоя карда шавад. Дар роҳҳо эҳтиёткор бошед", - зикр кард КҲФ.
https://sputnik.tj/20230215/tarma-chandin-khonaro-khorugh-zer-1054929845.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/1b/1055201596_201:0:2932:2048_1920x0_80_0_0_8611fb8388b51e059610606ecf0d6230.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
наҷотдиҳандагон кҳф барфкӯчӣ нав ҳушдор
наҷотдиҳандагон кҳф барфкӯчӣ нав ҳушдор
Наҷотдиҳандагони КҲФ аз барфкӯчиҳои нав ҳушдор доданд
Қариб тамоми Тоҷикистон зери хатари тармаҳои нав қарор дорад. Тибқи пешгӯиҳои ноумедкунандаи обуҳаво, хатари офатҳои табиӣ дар роҳҳои кӯҳӣ боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 27 февраль — Sputnik. Аз 27 то 28 феврал дар Тоҷикистон хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад, хабар медихад Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи граждании кишвар.
КҲФ бо такя ба маълумоти ҳавошиносон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар иттилоъ медиҳад, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари фаромадани тарма дар назар аст.
Муайян карда мешавад, ки офати табиӣ аз навоҳии куҳии тобеи ҷумҳурӣ, ғарбии ВМКБ, аз ҷумла манотиқи зерини роҳҳо имкон дорад сар занад:
Наҷотдиҳандагон аз аҳолӣ хоҳиш мекунанд, ки дар ин давраи хатарнок аз сафар ба маҳалҳои тармафаро худдорӣ намуда, ниҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.
Ба ҳамаи ронандагоне, ки сафарашонро ба таъхир андохта наметавонанд, тавсия карда мешавад, ки ҳангоми ба нақша гирифтани ҳаракат аз вазъияти роҳҳо шинос шаванд.
"Ҳангоми ҳаракат дар манотиқи кӯҳӣ ва ё қитъаҳои хатарноки роҳҳо бояд фосилаи муқарраршудаи ҳаракати байни мошинҳо риоя карда шавад. Дар роҳҳо эҳтиёткор бошед", - зикр кард КҲФ.