https://sputnik.tj/20230215/tarma-chandin-khonaro-khorugh-zer-1054929845.html
Тарма чандин хонаро дар Хоруғ зер кард
Тарма чандин хонаро дар Хоруғ зер кард
Sputnik Тоҷикистон
Бар асари фаромадани тармаҳо дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бархе хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ зери барф мондаанд 15.02.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-02-15T12:19+0500
2023-02-15T12:19+0500
2023-02-15T12:19+0500
дар тоҷикистон
вмкб
хоруғ
тарма
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1d/1043819306_1119:0:3240:1193_1920x0_80_0_0_7483f4be84b9f96c6fbe2b264e68a3aa.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон фаромадани тармаҳо дар шаҳри Хоруғро таъйид кард. Ба иттилои КҲФ, тармаҳо тақрибан соати 10:00-и 15 феврал бо вақти маҳаллӣ фаромада, чандин хонаро зер кардаанд. Феълан дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагон кор карда истодаанд, афзуд КҲФ. Бар асоси наворҳое, ки шоҳидони ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, сокинони маҳаллӣ низ ба бартарафсозии оқибатҳо машғул шуда, гуфта мешавад, ки эҳтимол одамон низ зери тарма бошанд.Ин дар ҳолест, ки ахиран дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мошин бо 10 мусофир зери тарма монд. Ба иттилои КҲФ Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур дар километри 8-уми роҳи Хоруғ - Роштқалъа, рух додааст."Ҳар 10 мусофир зинда монда, танҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд ва ҳамон лаҳза ҳамаи онҳо ба бемористони шаҳри Хоруғ интиқол дода шуданд", - омадааст дар хабари КҲФ.Дар ҳамин ҳол, ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки дар ҳавои номусоид аз сафар тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.Бино ба пешгӯии обуҳавошиносон бар асари бориши барфу борон ва болоравии дамои ҳаво дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ то 17-уми феврали соли равон хатари лағзиши тарма, резиши санг ва омадани селҳо боқӣ мемонад.
https://sputnik.tj/20230215/moshin-musofir-vmkb-tarma-khf-1054927262.html
вмкб
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1d/1043819306_1384:0:2975:1193_1920x0_80_0_0_1f848d10c81656790353ea596f17e3cf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вмкб, хоруғ, тарма
дар тоҷикистон, вмкб, хоруғ, тарма
Тарма чандин хонаро дар Хоруғ зер кард
Бар асари фаромадани тармаҳо дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бархе хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ зери барф мондаанд
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон фаромадани тармаҳо дар шаҳри Хоруғро таъйид кард.
Ба иттилои КҲФ, тармаҳо тақрибан соати 10:00-и 15 феврал бо вақти маҳаллӣ фаромада, чандин хонаро зер кардаанд.
Феълан дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагон кор карда истодаанд, афзуд КҲФ. Бар асоси наворҳое, ки шоҳидони ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, сокинони маҳаллӣ низ ба бартарафсозии оқибатҳо машғул шуда, гуфта мешавад, ки эҳтимол одамон низ зери тарма бошанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мошин бо 10 мусофир зери тарма монд. Ба иттилои КҲФ Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур дар километри 8-уми роҳи Хоруғ - Роштқалъа, рух додааст.
"Ҳар 10 мусофир зинда монда, танҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд ва ҳамон лаҳза ҳамаи онҳо ба бемористони шаҳри Хоруғ интиқол дода шуданд", - омадааст дар хабари КҲФ.
Дар ҳамин ҳол, ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки дар ҳавои номусоид аз сафар тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Бино ба пешгӯии обуҳавошиносон бар асари бориши барфу борон ва болоравии дамои ҳаво дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ то 17-уми феврали соли равон хатари лағзиши тарма, резиши санг ва омадани селҳо боқӣ мемонад.