https://sputnik.tj/20230228/lukashenko-muttahid-iqtidor-sanoi-pekin-maskav-minsk-1055218982.html
Пешниҳоди Лукашенко дар бораи муттаҳид намудани иқтидори саноии Пекин, Маскав ва Минск
Пешниҳоди Лукашенко дар бораи муттаҳид намудани иқтидори саноии Пекин, Маскав ва Минск
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Беларус ахиран пешниҳод кард, ки иқтидори саноатии Минск, Маскав ва Пекин бояд бо ҳам муттаҳид карда шаванд
2023-02-28T16:35+0500
2023-02-28T16:35+0500
2023-02-28T16:35+0500
дар русия
пекин
маскав
минск
беларус
саноат
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/18/1053032302_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_62044cb454ff0de7689de81ed32cff44.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ахиран гуфт, ки Минск, Маскав ва Пекин имкони муттаҳид намудани иқтидори саноатии худро доранд."Мо бо шумо дар бораи сиёсати саноатӣ ба таври ҷиддӣ баррасӣ дорем. Чанде пеш мо бо Русия муайян кардем, ки Минск ва Маскав сиёсати ягонаи саноатӣ хоҳанд дошт. Чаро ба Чин напайвандем? Биёед аз Беларус оғоз кунем, ва сипас ҳар се кишвар Русия, Беларус ва Чин муттаҳид шавем. Майдони васеъ барои фаъолият вуҷуд дорад", - гуфт Лукашенко дар мусоҳиба бо расонаҳои чинӣ.Лукашенко таъкид кард, ки Чин метавонад тавассути Беларус ба Аврупо, Африқо ва минтақаҳои дигар маҳсулот интиқол диҳад.Ҳамзамон Лукашенко ёдовар шуд, ки Беларус ва Чин лоиҳаи бузурги рушди Парки саноатии “Санги Бузург”, ки дар наздикии Минск бунёд шудааст, роҳандозӣ кардааст.Раисиҷумҳури Беларус гуфт, ки натоиҷи кори ин боғ аллакай хуб аст, "воқеъан он ояндаи бузург дорад"."Мо ҳанӯз бояд қадам занем ва ба ҳадаф қадам занем. Аммо мо дар самти дуруст пеш рафта истодаем - ва мо бо роҳи дуруст меравем. Роҳе, ки мо ба нақша гирифта будем. Зеро имкониятҳои ин парки саноатии “Санги Бузург” бузурганд", - гуфт Лукашенко. .Вай таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар боғ аллакай беш аз 100 корхонаи баландтехнологии соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд, ки ва дар онҷо маҳсулоте, ки дар Аврупо ва тамоми ҷаҳон талабот ҳаст, истеҳсол мешавад.
https://sputnik.tj/20230228/shonse-lukashenko-vazi-benazir-poyoni-nizo-ukraina-1055211586.html
маскав
минск
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/18/1053032302_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_03c97346dca33911fccf087441f919b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
минск, русия, пекин,лукашенко, имконият, иҷтидор, саноатӣ
минск, русия, пекин,лукашенко, имконият, иҷтидор, саноатӣ
Пешниҳоди Лукашенко дар бораи муттаҳид намудани иқтидори саноии Пекин, Маскав ва Минск
Раисҷумҳури Беларус ахиран пешниҳод кард, ки иқтидори саноатии Минск, Маскав ва Пекин бояд бо ҳам муттаҳид карда шаванд
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ахиран гуфт, ки Минск, Маскав ва Пекин имкони муттаҳид намудани иқтидори саноатии худро доранд.
"Мо бо шумо дар бораи сиёсати саноатӣ ба таври ҷиддӣ баррасӣ дорем. Чанде пеш мо бо Русия муайян кардем, ки Минск ва Маскав сиёсати ягонаи саноатӣ хоҳанд дошт. Чаро ба Чин напайвандем? Биёед аз Беларус оғоз кунем, ва сипас ҳар се кишвар Русия, Беларус ва Чин муттаҳид шавем. Майдони васеъ барои фаъолият вуҷуд дорад", - гуфт Лукашенко дар мусоҳиба бо расонаҳои чинӣ.
Лукашенко таъкид кард, ки Чин метавонад тавассути Беларус ба Аврупо, Африқо ва минтақаҳои дигар маҳсулот интиқол диҳад.
“Заминаи хуб аст, фоидаовар аст, биёед кор кунем, чун ин ҳам ба шумо ва ҳам ба мо муфид аст”, - гуфт ӯ.
Ҳамзамон Лукашенко ёдовар шуд, ки Беларус ва Чин лоиҳаи бузурги рушди Парки саноатии “Санги Бузург”, ки дар наздикии Минск бунёд шудааст, роҳандозӣ кардааст.
Раисиҷумҳури Беларус гуфт, ки натоиҷи кори ин боғ аллакай хуб аст, "воқеъан он ояндаи бузург дорад".
"Мо ҳанӯз бояд қадам занем ва ба ҳадаф қадам занем. Аммо мо дар самти дуруст пеш рафта истодаем - ва мо бо роҳи дуруст меравем. Роҳе, ки мо ба нақша гирифта будем. Зеро имкониятҳои ин парки саноатии “Санги Бузург” бузурганд", - гуфт Лукашенко. .
Вай таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар боғ аллакай беш аз 100 корхонаи баландтехнологии соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд, ки ва дар онҷо маҳсулоте, ки дар Аврупо ва тамоми ҷаҳон талабот ҳаст, истеҳсол мешавад.