https://sputnik.tj/20230228/dar-tojikiston-zaminlarza-rukh-dod-dar-kishvarhoi-hamsoya-ehsos-shud-1055208181.html
Дар Тоҷикистон боз замин ҷунбид
Дар Тоҷикистон боз замин ҷунбид
Sputnik Тоҷикистон
Ҷунбиши заминларзаи нави Тоҷикистон, ки субҳи 28 феврал рух дод, дар кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ низ сабт шудааст
2023-02-28T09:48+0500
2023-02-28T09:48+0500
2023-02-28T09:51+0500
вмкб
заминларза
дар тоҷикистон
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103154/48/1031544860_0:382:4184:2736_1920x0_80_0_0_7cf7ddda21ee65d67754bcbd04b94bcd.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар ҳудуди ВМКБ боз заминларзаи нав рух дод. Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои изтирории Узбекистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, заминларза соати 9:20 ба вақти маҳаллӣ сабт шудааст. Шиддати ларзиш бошад, 4-балл арзёбӣ шудааст. Маркази заминларза дар умқи 100 километр дар марз бо Афғонистони ҳамсоя воқеъ будааст. Акси садои заминларза дар Қазоқистон, 685 километр дуртар аз Алмаато низ мушохида шуд. Масофа аз маркази зилзила то Тошкент ба самти ҷанубу шарқ 534 километр буд.Маврид ба зикр аст, ки тайи рӯзҳои охир ВМКБ, асосан қимати шарқии онро силсилаи заминҷунбиҳо фаро гирифтаанд.Аз ҷумлаи рӯзҳои зилзилахез 23 феврал буд, ки то нисфирӯзӣ дасти кам 8 маротиба замин дар ВМКБ ҷунбидаст.Ба иттилои КҲФ қавитарини ин заминларзаҳо 67 километрии ғарби маркази ноҳияи Мурғоб, 400 км ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 30 км шарқтари кӯли Сарез буд, ки қувваи он дар марказ 6,8 балл будаст.
https://sputnik.tj/20230223/khf-markaz-zaminjunbi-kul-sarez-1055132277.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103154/48/1031544860_247:0:3895:2736_1920x0_80_0_0_57ec76427d55e1ba51eff63e86ac4694.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон замин ҷунбид
Дар Тоҷикистон боз замин ҷунбид
09:48 28.02.2023 (Навсозишуда: 09:51 28.02.2023) Ҷунбиши заминларзаи нави Тоҷикистон, ки субҳи 28 феврал рух дод, дар кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ низ сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар ҳудуди ВМКБ боз заминларзаи нав рух дод.
Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои изтирории Узбекистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, заминларза соати 9:20 ба вақти маҳаллӣ сабт шудааст. Шиддати ларзиш бошад, 4-балл арзёбӣ шудааст.
Маркази заминларза дар умқи 100 километр дар марз бо Афғонистони ҳамсоя воқеъ будааст.
Акси садои заминларза дар Қазоқистон, 685 километр дуртар аз Алмаато низ мушохида шуд. Масофа аз маркази зилзила то Тошкент ба самти ҷанубу шарқ 534 километр буд.
Маврид ба зикр аст, ки тайи рӯзҳои охир ВМКБ, асосан қимати шарқии онро силсилаи заминҷунбиҳо фаро гирифтаанд.
Аз ҷумлаи рӯзҳои зилзилахез 23 феврал буд, ки то нисфирӯзӣ дасти кам 8 маротиба замин дар ВМКБ ҷунбидаст.
Ба иттилои КҲФ қавитарини ин заминларзаҳо 67 километрии ғарби маркази ноҳияи Мурғоб, 400 км ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 30 км шарқтари кӯли Сарез буд, ки қувваи он дар марказ 6,8 балл будаст.