КҲФ маркази заминҷунбиро кӯли Сарез ва шиддаташро 5 балл арзёбӣ кард

© Фото : МИД РТПосещение озера Сарез Генеральным секретарем ООН Антониу Гутерришем
Посещение озера Сарез Генеральным секретарем ООН Антониу Гутерришем  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2023
Обуна шудан
Ин ниҳод қувваи заминҷунбиро дар марказ 5 балл арзёбӣ кард, дар ҳоле, ки маркази зилзилашиносии Чин шиддати ҷунбиши заминро 7.3 дараҷа гуфт
ДУШАНБЕ, 23 февр — Sputnik. Тоҷикистонро субҳи 23 феврал ду маротиба заминҷунбӣ такон дод, хабар медиҳад Кумитаи ҳолтаҳои фавқулода.
Бар хабари манбаъ, ҷунбиши аввали замин соати 05:37 дақиқа ва маротибаи дуввум пас аз 13 дақиқа, аниқтараш соати 05:55 дақиқа рух дод.
"Маркази заминларза 400 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, 65 километр шарқ аз ноҳияи Мурғоб дар ҳудуди кӯли Сарез ба вуқӯъ пайваст", - омадааст дар хабари КҲФ.
Манбаъ меафзояд, шиддати заминҷунбии аввал 5 ва дуввуми 4 балро ташкил дод.
Ба таъкиди КҲФ, ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ дар пай надошт.
Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2023
ВМКБ -ро заминҷунбии 7.3 балла такон дод
Қаблан, Маркази зилзилашиносии Чин, шиддати заминҷунбиро 7,3 дараҷа арзёбӣ карда буд. Зимнан, Маркази зилзилашиносии Аврупову Баҳри Миёназамин шиддати зилзиларо 6,8 дараҷа эълон карда, ба унвони маркази зилзила нуқтаи 66-километрии Мурғобро нишон дод, ки дар он қариб 11 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.
Рӯзи гузашта дар ноҳияи Дарвози ВМКБ заминҷунбии 3.7 дараҷа рух дод. Аз ин пеш, рӯзи 20 феврал ноҳияи Шуғнони ин вилоятро заминҷунбӣ такон дод. Маркази заминларза дар 288-километрии ҷанубу шарқи Душанбе ва 17-километрии ҷанубу шарқи Хоруғ воқеъ буда, шиддати заминларза 3 балл буд.
Лентаи хабарҳо
0