https://sputnik.tj/20230227/vmkb-zaminlarza-takon-dod-1055189352.html
ВМКБ-ро боз заминларза такон дод: Сарез дар чӣ ҳол аст?
ВМКБ-ро боз заминларза такон дод: Сарез дар чӣ ҳол аст?
Sputnik Тоҷикистон
Дар қисмати шарқии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар минтақаҳои наздик ба кӯли Сарез боз ҷунбиши замин ба қайд гирифта шудааст
2023-02-27T11:17+0500
2023-02-27T11:17+0500
2023-02-27T11:20+0500
дар тоҷикистон
заминларза
ҳолат
кҳф
заминҷунбӣ
мурғоб
сарез
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102723/73/1027237351_0:153:2940:1807_1920x0_80_0_0_c8706c4f573f6e13ced8eaecb86f2075.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Марказҳои зилзилашиносии минтақа аз сабти заминларзаи 4-баллӣ дар шарқи ВМКБ, дар наздикии кули Сарез иттилоъ доданд. Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза дар умқи 147 километр ҷойгир будааст. Маврид ба зикр аст, ки тайи рӯзҳои охир ВМКБ, асосан қимати шарқии онро силсилаи заминҷунбиҳо фаро гирифтаанд. Аз ҷумлаи рӯзҳои зилзилахез 23 феврал буд, ки то нисфирӯзӣ дасти кам 8 маротиба замин дар ВМКБ ҷунбидаст. Ба иттилои КҲФ қавитарини ин заминларзаҳо 67 километрии ғарби маркази ноҳияи Мурғоб, 400 км ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 30 км шарқтари кӯли Сарез буд, ки қувваи он дар марказ 6,8 балл будаст. КҲФ мегӯяд, системаи мониторинг ва огоҳсозии бармаҳали кӯли Сарез чун ҳарвақта фаъол буда, яон ҷунбише ё тағйироте ба қайд гирифта нашудааст.Ҷараёни об ва масрафи он дар кӯли Сарез бе тағйир буд. Яъне, ҷараён он 39 метри мукааб дар ҳар сония ва масрафи он 45 метри мураббаъ дар як сония мебошад, тавзеҳ дода буд КҲФ. Ин ниҳод хотиррасон намуд, ки соли 2015 дар қаламрави кӯли Сарез заминларза бо қувваи 7,3 балл рух дода, боиси резиши сангу рег шуда буд, вале он замон низ дар сарбанди Усой ягон тағйирот ба чашм нарасида буд.
https://sputnik.tj/20230223/vmkb-zaminjunbi-5-balla-larzond-1055137680.html
сарез
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102723/73/1027237351_164:0:2777:1960_1920x0_80_0_0_f9debfe0a4c5dc3b22d312d16b34793a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сабт, заминҷунбӣ, кӯл, сарез
сабт, заминҷунбӣ, кӯл, сарез
ВМКБ-ро боз заминларза такон дод: Сарез дар чӣ ҳол аст?
11:17 27.02.2023 (Навсозишуда: 11:20 27.02.2023) Дар қисмати шарқии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар минтақаҳои наздик ба кӯли Сарез боз ҷунбиши замин ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Марказҳои зилзилашиносии минтақа аз сабти заминларзаи 4-баллӣ дар шарқи ВМКБ, дар наздикии кули Сарез иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, маркази заминларза дар умқи 147 километр ҷойгир будааст.
Маврид ба зикр аст, ки тайи рӯзҳои охир ВМКБ, асосан қимати шарқии онро силсилаи заминҷунбиҳо фаро гирифтаанд.
Аз ҷумлаи рӯзҳои зилзилахез 23 феврал буд, ки то нисфирӯзӣ дасти кам 8 маротиба замин дар ВМКБ ҷунбидаст.
Ба иттилои КҲФ қавитарини ин заминларзаҳо 67 километрии ғарби маркази ноҳияи Мурғоб, 400 км ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 30 км шарқтари кӯли Сарез буд, ки қувваи он дар марказ 6,8 балл будаст.
КҲФ мегӯяд, системаи мониторинг ва огоҳсозии бармаҳали кӯли Сарез чун ҳарвақта фаъол буда, яон ҷунбише ё тағйироте ба қайд гирифта нашудааст.
Ҷараёни об ва масрафи он дар кӯли Сарез бе тағйир буд. Яъне, ҷараён он 39 метри мукааб дар ҳар сония ва масрафи он 45 метри мураббаъ дар як сония мебошад, тавзеҳ дода буд КҲФ.
Ин ниҳод хотиррасон намуд, ки соли 2015 дар қаламрави кӯли Сарез заминларза бо қувваи 7,3 балл рух дода, боиси резиши сангу рег шуда буд, вале он замон низ дар сарбанди Усой ягон тағйирот ба чашм нарасида буд.