ВМКБ- ро боз заминҷунбии 5 балла ларзонд

© Sputnik / Г. Копосов / Гузариш ба медиабонкСейсмограмма землетрясения, архивное фото
Сейсмограмма землетрясения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2023
Обуна шудан
Тибқи маълумоти расмӣ дар ВМКБ давоми як рӯз чор маротиба заминҷунбӣ сар зад. Вале сокинони влоят мегӯяд, ларзиши заминро аз ин ҳам бештар эҳсос карданд
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон боз замин ҷунбид ва ин навбат ҳам маркази он Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.
Тибқи маълумоти Маркази зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон заминҷунбӣ соати 16:24 дақиқа ба шиддати 5 балл ба вуқӯъ пайваст.

Феълан КҲФ Тоҷикистон расман ин офати табииро шарҳ надодааст. Қаблан ин ниҳод гуфта буд, ду заминҷунбии субҳи барвақти 23 феврал дар наздикии кӯли Сарез рух доданд, дар пай талафоти ҷонӣ ва молӣ надоштанд.
ВМКБ -ро боз заминҷунбии шадид ларзонд
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта дар ноҳияи Дарвози ВМКБ заминҷунбии 3.7 дараҷа рух дод.
Аз ин пеш, рӯзи 20 феврал ноҳияи Шуғнони ин вилоятро заминҷунбӣ такон дод. Маркази заминларза дар 288-километрии ҷанубу шарқи Душанбе ва 17-километрии ҷанубу шарқи Хоруғ воқеъ буда, шиддати заминларза 3 балл буд.
Лентаи хабарҳо
0