Беш аз 100 соҳибкори рус ба Душанбе меоянд

© Foto / Хадамоти матбуоти Шӯрои Федератсияи РусияФлаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2023
Обуна шудан
Намояндагони беш аз 100 ширкати хурду миёнаи Русия ба пойтахти Тоҷикистон меоянд ва бо соҳибкорони тоҷик дидору мулоқот хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Рӯзи 3 марти соли равон дар "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Русия баргузор мегардад, иттилоъ додааст Палатаи савдо ва саноати кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, дар вохӯриҳои дуҷониба намояндагони беш аз 100 ширкати калон ва хурду миёнаи Русия дар соҳаҳои гуногун, саноат, энергетика, кишоварзӣ, туризм, нақлиёт ва логистика, фармасевтика, кимиё, сохтмон, хизматрасонӣ, истеҳсоли маъдан, IT-технология ва ғайра иштирок менамоянд.
Аз ҷониби Тоҷикистон низ дар ин мулоқот намояндагони беш аз 100 ширкати калону хурд иштирок менамояд.
Сессия Генеральной Ассамблеи Организации Объединенных Наций (ООН) в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2023
Тоҷикистон аз қатънома бар зидди Русия дар СММ худдорӣ кард
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар додааст, ки вохӯриҳои дуҷонибаи дар шакли рӯ ба рӯ дар доираи конфронси 9-уми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия баргузор мегарданд.
Зимни конфронси 9-уми ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия гузаронидани 8 ҷаласаи панелӣ ва ҷаласаҳои пленарӣ дар назар аст.
Манбаъ иштироки соҳибкоронро дар ин ҳамоиш, ки ба рушди фаъолияти онҳо, аз ҷумла ҷалби сармоя, дарёфти шарикон ва баромадан ба бозорҳои нави Русия равона гардидааст, муҳим арзёбӣ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0