Тоҷикистон аз қатънома бар зидди Русия дар СММ худдорӣ кард

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкСессия Генеральной Ассамблеи Организации Объединенных Наций (ООН) в Нью-Йорке
Сессия Генеральной Ассамблеи Организации Объединенных Наций (ООН) в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2023
Обуна шудан
Тоҷикистон дар қатори 32 кишвари дигар аз қабули қатъномаи зидди Русия дар бораи Украина, ки дар ҷаласаи вижаи Маҷмаи Умумии СММ баррасӣ шуд, худдорӣ кард
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар иҷлосияи вижаи СММ аз қабули қатъномаи зидди Русия – дар бораи "усулҳои сулҳи одилона" дар Украина худдорӣ кард.
Дар ин қатънома “аз Россия талаб карда мешавад, ки тамоми қувваҳои мусаллаҳи худро фавран ва пурра аз қаламрави Украина берун кашад ва ба ҷанг анҷом диҳад".
7 кишвар – Русия, Беларус, Кореяи Шимолӣ, Мали, Никарагуа, Сурия ва Эритрея мухолифи ин қатънома шуданд.
32 ҳайат, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд.
Инчунин Арманистон, Чин, Боливия, Куба, Ҳинд, Эрон ва дигар давлатҳо низ худдорӣ намуданд.
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Омодагии артиши Украина барои амалиётҳои ҳамлаӣ
Барои тасвиби ин санад 141 кишвар, аз ҷумла Гурҷистон, Сербистон ва Туркия раъй доданд.
Бино ба гузоришҳои расонаҳои хабарӣ, дар ҷараёни овоздиҳӣ пешниҳодҳои Минск, ки масъулияти оғози ҷанг бар души Русия аст аз ин санад бардошта шавад, дастгирӣ наёфт.
Намояндаи доимии Русия дар СММ Василий Небензя, пеш аз раъйдиҳӣ, қатъномаи Ғарбро "зидди Русия ва зараровар" номид, ки ба "ҷустуҷӯи роҳи ҳалли ҷиддӣ ва дарозмуддати дипломатӣ"-и бӯҳрони Украина мусоидат намекунад.
Ба ақидаи ӯ, ба мухолифони Русия "ҳоло пеш аз ҳама шумора ва раъйҳо лозиманд".
Лентаи хабарҳо
0