https://sputnik.tj/20230227/smm-jahon-faqru-gurusnagi-afzoish-1055196452.html
СММ: Дар ҷаҳон фақру гуруснагӣ дар ҳоли афзоиш ёфтан аст
СММ: Дар ҷаҳон фақру гуруснагӣ дар ҳоли афзоиш ёфтан аст
Sputnik Тоҷикистон
Дабири кулли СММ ахиран эълон кард, ки дар даҳ соли ахир фақри комил ва гуруснагӣ дар тамоми ҷаҳон дар ҳоли афзоиш ёфтан қарор дорад
2023-02-27T15:45+0500
2023-02-27T15:45+0500
2023-02-27T15:45+0500
дар ҷаҳон
иҷтимоъ
смм
фақр
дабири кулли смм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102943/58/1029435814_0:0:1306:736_1920x0_80_0_0_413a6d77485182363f849351dd9d7aba.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Фақру гуруснагӣ дар даҳсолаи ахир дар тамоми ҷаҳон дар ҳоли афзоиш ёфтан қарор дорад ва ҷаҳон дигар ба пеш ҳаракат надорад, балки бараъксдар ҳоли ҳаракат ба қафо аст, гуфт, дар ифтитоҳи 52-умин Шӯрои ҳуқуқи инсон дар Женева дабири куллии СММ Антониу Гутерреш.Тибқи иттилои Дабири кулли СММ, дар соли 2023, 339 миллион аҳолӣ дар саросари ҷаҳон ба кӯмаки башардӯстона ниёз доранд, ки бештар аз 25 дарсад нисбат ба соли 2022 аст.Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории СММ қаблан хабар дода буд, ки теъдоди афроде, ки дар ҷаҳон ба норасоии шадиди ғизо мувоҷеҳ шудаанд, ба 340 миллион нафар расид.Гуфта мешавад, ки ин рақам аз соли 2019 инҷониб беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст. Ба афзоиши он пандемияи COVID-19, низоъҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва тағирёбии иқлим таъсир расонд. Пешгӯи карда мешавад, ки шумораи одамоне, ки дар фақр зиндагӣ мекунанд ва аз гуруснагӣ азият мекашанд, афзоиш меёбад.Мушкилоти экологӣ низ аз омилҳои манфие ба шумор мераванд, ки ба вазъи озуқаворӣ дар ҷаҳон таъсир мерасонанд.
https://sputnik.tj/20230127/tashdidi-gurusnagi-afghoniston-7-million-kudaku-modar-1054540117.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102943/58/1029435814_0:0:1306:980_1920x0_80_0_0_90f1893b7f1378a9dd782929794b7151.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
смм, дар ҷаҳон, фақр, гуруснагӣ, афзоиш, антониу гуттереш, ҷаҳон
смм, дар ҷаҳон, фақр, гуруснагӣ, афзоиш, антониу гуттереш, ҷаҳон
СММ: Дар ҷаҳон фақру гуруснагӣ дар ҳоли афзоиш ёфтан аст
Дабири кулли СММ ахиран эълон кард, ки дар даҳ соли ахир фақри комил ва гуруснагӣ дар тамоми ҷаҳон дар ҳоли афзоиш ёфтан қарор дорад
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Фақру гуруснагӣ дар даҳсолаи ахир дар тамоми ҷаҳон дар ҳоли афзоиш ёфтан қарор дорад ва ҷаҳон дигар ба пеш ҳаракат надорад, балки бараъксдар ҳоли ҳаракат ба қафо аст, гуфт, дар ифтитоҳи 52-умин Шӯрои ҳуқуқи инсон дар Женева дабири куллии СММ Антониу Гутерреш.
"Ба ҷои идомаи пешрафт, мо аз ин роҳ баргаштем. Фақри шадид ва гуруснагӣ бори аввал дар даҳсолаҳои охир афзоиш меёбад", - гуфт ӯ.
Тибқи иттилои Дабири кулли СММ, дар соли 2023, 339 миллион аҳолӣ дар саросари ҷаҳон ба кӯмаки башардӯстона ниёз доранд, ки бештар аз 25 дарсад нисбат ба соли 2022 аст.
Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории СММ қаблан хабар дода буд, ки теъдоди афроде, ки дар ҷаҳон ба норасоии шадиди ғизо мувоҷеҳ шудаанд, ба 340 миллион нафар расид.
Гуфта мешавад, ки ин рақам аз соли 2019 инҷониб беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст. Ба афзоиши он пандемияи COVID-19, низоъҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва тағирёбии иқлим таъсир расонд. Пешгӯи карда мешавад, ки шумораи одамоне, ки дар фақр зиндагӣ мекунанд ва аз гуруснагӣ азият мекашанд, афзоиш меёбад.
Мушкилоти экологӣ низ аз омилҳои манфие ба шумор мераванд, ки ба вазъи озуқаворӣ дар ҷаҳон таъсир мерасонанд.