https://sputnik.tj/20230227/medvedev-jahon-rusiya-darkor-nest-1055192550.html
Медведев: Ҷаҳон бе Русия ба мо даркор нест
Медведев: Ҷаҳон бе Русия ба мо даркор нест
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсати номақбули кишварҳои ғарбӣ ва нотавонии режими ҳокими Киев дар музокирот, дар натиҷа ба амалиёти низомии Русия дар Украина овард
2023-02-27T12:45+0500
2023-02-27T12:45+0500
2023-02-27T12:51+0500
амният ва мудофиа
дар русия
дунё
украина
дмитрий медведев
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1a/1053804806_0:469:2741:2011_1920x0_80_0_0_0dc8d9a9f3942d2088893656117d78f5.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ба оғози амалиёти низомӣ дар Украина иқдоми девонавори Ғарб ва хоҳиши васвосии пора кардани Русия боис шуд. Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия, Дмитрий Медведев дар як матлаб барои нашрияи "Известия" навиштааст. Ба гуфтаи вай, бадхоҳони Маскав ба “режими неофашистии Киев” таъминот бо силоҳро идома медиҳанд ва аз ҳама талошҳои аз сар гирифтани музокирот ҷилавгирӣ мекунанд. Таъкид кардааст, ки ин бадхоҳон дарк намекунанд, ки ҳадафҳои дар пеш гузоштаи онҳо барои ҳама барбод меравад. Медведев мутмаин аст, ки вазифаи Ғарб дар маъракаи Украина кӯшиши несту нобуд кардани Русия дар монандӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад."Агар масъалаи мавҷудияти худи Русия ба таври ҷиддӣ матраҳ шавад, он дар ҷабҳаи Украина умуман ҳал нахоҳад шуд, балки дар баробари масъалаи мавҷудияти минбаъдаи тамоми тамаддуни башарӣ", - таъкид намуд Медведев. Вай изҳор дошт, ки дар ин масъала духӯрагие набояд вуҷуд дошта бошад. "Барои мо дунё бе Русия лозим нест", - гуфт ӯ. Муовини раиси Шӯрои амният гуфт, ки Федератсияи Русия ба чунин сенария иҷоза намедиҳад. Вай ёдовар шуд, ки кишварҳои ғарбӣ ва муттаҳидони онҳо ҳамагӣ 15%-и аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд. "Мо шумораи бештари мо зиёд ҳастем ва мо хеле қавӣ ҳастем. Қудрати ороми кишвари бузурги мо ва нуфузи шарикони он калиди ҳифзи ояндаи тамоми ҷаҳони мост", - хулоса кард Медведев.
https://sputnik.tj/20230204/medvedev-amriko-anjom-nizo-ukraina-manfiatdor-nest-1054686148.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/1a/1053804806_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_215735bfe9858dd72936cd2196e3c243.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
медведев, амалиёт, оғооз, низомӣ, украина, русия
медведев, амалиёт, оғооз, низомӣ, украина, русия
Медведев: Ҷаҳон бе Русия ба мо даркор нест
12:45 27.02.2023 (Навсозишуда: 12:51 27.02.2023) Сиёсати номақбули кишварҳои ғарбӣ ва нотавонии режими ҳокими Киев дар музокирот, дар натиҷа ба амалиёти низомии Русия дар Украина овард
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ба оғози амалиёти низомӣ дар Украина иқдоми девонавори Ғарб ва хоҳиши васвосии пора кардани Русия боис шуд.
Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия, Дмитрий Медведев дар як матлаб барои нашрияи "Известия" навиштааст.
Ба гуфтаи вай, бадхоҳони Маскав ба “режими неофашистии Киев” таъминот бо силоҳро идома медиҳанд ва аз ҳама талошҳои аз сар гирифтани музокирот ҷилавгирӣ мекунанд. Таъкид кардааст, ки ин бадхоҳон дарк намекунанд, ки ҳадафҳои дар пеш гузоштаи онҳо барои ҳама барбод меравад.
Медведев мутмаин аст, ки вазифаи Ғарб дар маъракаи Украина кӯшиши несту нобуд кардани Русия дар монандӣ ба Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад.
"Агар масъалаи мавҷудияти худи Русия ба таври ҷиддӣ матраҳ шавад, он дар ҷабҳаи Украина умуман ҳал нахоҳад шуд, балки дар баробари масъалаи мавҷудияти минбаъдаи тамоми тамаддуни башарӣ", - таъкид намуд Медведев.
Вай изҳор дошт, ки дар ин масъала духӯрагие набояд вуҷуд дошта бошад. "Барои мо дунё бе Русия лозим нест", - гуфт ӯ.
Муовини раиси Шӯрои амният гуфт, ки Федератсияи Русия ба чунин сенария иҷоза намедиҳад. Вай ёдовар шуд, ки кишварҳои ғарбӣ ва муттаҳидони онҳо ҳамагӣ 15%-и аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳанд.
"Мо шумораи бештари мо зиёд ҳастем ва мо хеле қавӣ ҳастем. Қудрати ороми кишвари бузурги мо ва нуфузи шарикони он калиди ҳифзи ояндаи тамоми ҷаҳони мост", - хулоса кард Медведев.