https://sputnik.tj/20230227/darkhosti-tolibho-az-maqomoti-peshini-in-kishvar-baroi-bozgasht-ba-afghoniston-1055194141.html
Дархости Толибҳо аз мақомоти пешини ин кишвар барои бозгашт ба Афғонистон
Дархости Толибҳо аз мақомоти пешини ин кишвар барои бозгашт ба Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазири таҳсилоти олӣ ҳукумати толибҳо аз мақомоти ҳукумати пешини ин кишвар хостааст, ки ба кишварашон баргарданд
2023-02-27T14:03+0500
2023-02-27T14:03+0500
2023-02-27T14:03+0500
толибон
афғонистон
дархост
мақомот
бозгашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0a/1050623709_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_e69bcddd88decc82280fb70222236233.jpg
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ба ватани худ биёед ва дар канори афғонҳо бо ифтихор дар канори мардуми худ зиндагӣ кунед сарзамину хонаи шумо ҳамааш маҳфуз аст, гуфт Вазири таҳсилоти олии ҳукумати толибҳо Нидо Муҳамади Надим.Ба гуфта ин мақомдори ҳукумати толибҳо дар низоми кунунии диктаторӣ вуҷуд надорад ва ҳама метавонанд ҳаққашанро бозхост кунанд.Нидо Муҳамади Надим, ҳамчунин итминон дод, ки ҳеҷ чизе бар мардуми Афғонистон таҳмил намешавад.Ёдовар мешавем, буҳрони Афғонистон аз моҳи майи соли 2021, пас аз он шиддат ёфт, ки Амрико ба берун бурдани нерӯҳояш оғоз кард. Дар пасманзари берун рафтани нерӯҳои НАТО, “Толибон” фаъол шуданд ва аксар хоки Афғонистонро тасарруф карданд. Ҳоло онҳо ҳукумате таъсис доданд, ки ҳанӯз ба расмият шинохта нашудааст.Баъд ба сари қудрат омадани гурӯҳи толибон дар Афғонистон садҳо ҳазор нафар Афғонистонро тариқи кишварҳои ҳамсоя тарк карданд.Ҳамчунин мақомдорони аршади ин кишвар ва раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор карданд. Аммо баъд аз чанд муддате бархе аз мақомдорони ҳукумати пешин ба ватан баргаштанд.
https://sputnik.tj/20230224/konsorsiumi-mushtarakiafghoniston-eron-rusiya-pokiston-1055158983.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/0a/1050623709_0:443:2048:1979_1920x0_80_0_0_074bc09ff1bfbba19680f2f33eac4eb3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибҳо, бозгашт, мақомдорон, пешин, ҳукумат, толибҳо
афғонистон, толибҳо, бозгашт, мақомдорон, пешин, ҳукумат, толибҳо
Дархости Толибҳо аз мақомоти пешини ин кишвар барои бозгашт ба Афғонистон
Вазири таҳсилоти олӣ ҳукумати толибҳо аз мақомоти ҳукумати пешини ин кишвар хостааст, ки ба кишварашон баргарданд
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ба ватани худ биёед ва дар канори афғонҳо бо ифтихор дар канори мардуми худ зиндагӣ кунед сарзамину хонаи шумо ҳамааш маҳфуз аст, гуфт Вазири таҳсилоти олии ҳукумати толибҳо Нидо Муҳамади Надим.
Ба гуфта ин мақомдори ҳукумати толибҳо дар низоми кунунии диктаторӣ вуҷуд надорад ва ҳама метавонанд ҳаққашанро бозхост кунанд.
Нидо Муҳамади Надим, ҳамчунин итминон дод, ки ҳеҷ чизе бар мардуми Афғонистон таҳмил намешавад.
Ёдовар мешавем, буҳрони Афғонистон аз моҳи майи соли 2021, пас аз он шиддат ёфт, ки Амрико ба берун бурдани нерӯҳояш оғоз кард. Дар пасманзари берун рафтани нерӯҳои НАТО, “Толибон” фаъол шуданд ва аксар хоки Афғонистонро тасарруф карданд. Ҳоло онҳо ҳукумате таъсис доданд, ки ҳанӯз ба расмият шинохта нашудааст.
Баъд ба сари қудрат омадани гурӯҳи толибон дар Афғонистон садҳо ҳазор нафар Афғонистонро тариқи кишварҳои ҳамсоя тарк карданд.
Ҳамчунин мақомдорони аршади ин кишвар ва раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор карданд. Аммо баъд аз чанд муддате бархе аз мақомдорони ҳукумати пешин ба ватан баргаштанд.