Консорсиуми муштараки Афғонистон бо Эрон, Русия ва Покистон

© AFP 2023 / KARIM JAAFARЧлены движения "Талибан" присутствующие на втором дне переговоров внутриафганского диалога
Члены движения Талибан присутствующие на втором дне переговоров внутриафганского диалога - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2023
Обуна шудан
Сарпарасти вазорати саноту тиҷорати Афғонистон аз ташкили консорсиуми муштарак бо ширкатҳои русӣ, эронӣ ва покистонӣ барои ҷазби сармоягузории хориҷӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Сарпарасти вазорати санот тиҷорати ҳукумати толибҳо Нуриддин Азизӣ аз ташкили консорсиуми муштарак бо ширкатҳои русӣ, эронӣ ва покистонӣ хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Ба гуфтаи вай ҳукумати толибҳо бо ширкатҳои хориҷии тафоҳумномае имзо кардааст ва ин ширкатҳо намояндагонашонро барои иктишофи пружаҳои то сақфи як миллиард доллар ба кобул мефиристанд.
“Дар ин консорсиюм 14 тоҷири Афғонистон низ ҳузур доранд ки бештар рӯй масъалаи энержӣ, маъдан ва зерсохтҳо тамаркуз хоҳад кард”, - Нуриддин Азизӣ.
Сарпарасти вазорати саноат ва тиҷорати ҳукумати толибҳо эълом кард, ки консорсиум эҷодшуда илова бар пружаҳои энержӣ ва маъдан, имкони сохт тунели дувум дар Солн, бозсозии шоҳроҳи Кобул – Ҳирот ва пружаи интиқоли об аз вилояти Панҷшер ба Кобулро низ дар назар дорад.
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2023
Вазири хориҷаи Тоҷикистон мавқеъгирии Тоҷикистонро дар мавриди Афғонистон эълом кард
Азизӣ гуфт, ки ҳукумати толибҳо бар роҳандозии чандин тарҳи тиҷории баландмуддат аз ҷумлаи консорсиюм ва манотиқи вижаи иқтисодии мутамарказ шудааст ва рӯй тазмини амнияти он низ кор мекунад.
Лентаи хабарҳо
0