Афзоиши вуруди худравҳои барқӣ ба Тоҷикистон

© Sputnik / Кирилл КаллиниковЗарядка электромобилей, архивное фото
Зарядка электромобилей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.02.2023
Обуна шудан
Воридоти худравҳои барқӣ дар Тоҷикистон давоми соли гузашта беш аз 16 баробар афзоиш ёфтааст. Давлат барои рушди нақлиёти барқӣ иқдом гирифтааст
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Дар соли 2022 ба Тоҷикистон 767 худрави барқӣ ворид гардидааст, иттилоъ дод Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ.
Бар иттилои ин ниҳод вуруди электромобилҳо дар як соли охир беш аз 16 баробар зиёд гардидааст. Теъдоди худравҳои барқии воридшуда дар соли 2021 ба Тоҷикистон 47 адад ҳисоб шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик азм доранд, дар солҳои наздик ҳиссаи мошинҳои барқиро дар ҷумҳурӣ то 20-30%-и теъдоди умумии нақлиёт расонанд.
Ин аҳдоф дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар ҷумҳурӣ гузошта шудаанд.
На автостоянке возле завода General Motors в Санкт-Петербурге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2022
Тоҷикистон бештар аз тариқи Гурҷистон ба харидории мошинҳо шурӯъ кард
Дар доираи барномаи рушди худравҳои барқӣ, воридоти бештар, фароҳам овардани рушди инфрасохтор, бахши васлсозии ин қабил мошинҳо ва таҳкими он ҳамчун як бахши нав дар иқтисоди кишвар дар назар аст.
Тоҷикистон ҳамзамон барои рафъи ҳавои олуда, барои воридкунандагони худравҳои барқӣ сабукиҳо, аз ҷумла озодӣ аз пардохти боҷи гумрукиро пешкаш кардаст.
Пештар вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим низ гуфт, ки ҳар сол ба кишвар аз хориҷа бо маблағи садҳо млн доллар маводи сӯзишворӣ ворид мегардад. Дар ҳоле ки ба гуфти ӯ зарфиятҳои истеҳсоли барқ ва истифода аз мошинҳои барқӣ дар кишвар хеле зиëд аст.
Лентаи хабарҳо
0