Лоиқ Раҷабов низ ба UFC меравад

© Foto / Шабакаҳои иҷтимоии Лоиқ РаҷабовБоец Лоик Раджабов
Боец Лоик Раджабов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2023
Обуна шудан
Ӯро қаблан аз ширкат дар The Ultimate Fighter 31 канор зада буданд, аммо Дана Уайт бо ӯ шартнома бастааст, ки рақобаташ моҳи март доир мешавад
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Размикори шинохтаи тоҷик Лоиқ Раҷабов бо ташкилоти машҳури UFC шартнома бастааст.
Дар ин бора рӯзноманигори рус Игор Лазорин дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Раҷабов дар мусобиқаи UFC 285, ки рӯзи 4 март дар Лас Вегас (ИМА) баргузор мешавад, баромад хоҳад кард.
Рақиби варзишкори тоҷик дар майдон Эстебан Рибович хоҳад буд.
Гуфта мешавад, ки дар ин бархӯрд Раҷабов ҳамчун ивазкунанда ба майдон мебарояд, зеро рақиби қаблии Рибович аз мусобиқот даст кашид.
Нурулло Алиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2023
Набарди таърихӣ: Нурулло Алиев дар нахустин рақобаташ дар UFC пирӯз шуд-видео
Қаблан гуфта мешуд, ки амали Конор Макгрегор имкони роҳ ёфтани Лоиқ Раҷабов ба UFC-ро халалдор кард. Размикори тоҷик мебоист барои роҳ ёфтан дар ташкилоти бузург дар The Ultimate Fighter 31 ширкат мекард, аммо Макгрегор ба ҷои ӯ намояндагони худашро овардааст.
Дар ин бора расонаҳои варзишӣ ба нақл аз ҳамтими Раҷабов, варзишкори бразилӣ Гилберт Бернс навишта буданд.
“Ин ҷавон ҳамтими ман аст! Лоиқ Раҷабов сахт меҳнат мекард ва омода буд, ки ниҳоят дар UFC имкони худро ба даст орад. Он Конори беҳамоқат нафаронашро ба ҷойи ӯ оварду вайро дур карданд",- навиштааст, Бернс дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Раҷабови қаблан дар PFL ширкат мекард ва бори охир дар лигаи Eagle FC дар ташкилоти Ҳабиб Нурмуҳаммадов мубориза бурдааст. Ҷанговари тоҷик дар вазни сабук мубориза мебарад. У 16 ғалаба, 1 дуранг ва 4 бохт дорад.
Ӯ 32 сол дошта, бо лақаби Jaguar Paw машҳур аст ва дар корномаи варзишияш 20 рақобати касбӣ, 15 ғалаба, чаҳор бохт ва як мусовӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0