https://sputnik.tj/20230224/sharhi-maqomot-tojikiston-faoliyati--yandeks-go-ghayriqonunist-1055146315.html
Шарҳи мақомоти Тоҷикистон дар бораи фаъолияти “Яндекс Go”: фаъолияти ширкат ғайриқонунист
Шарҳи мақомоти Тоҷикистон дар бораи фаъолияти “Яндекс Go”: фаъолияти ширкат ғайриқонунист
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёт мегӯяд ба Ширкати “Яндекс Go” аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт иҷозатнома барои фаъолият дода нашудааст
2023-02-24T12:15+0500
2023-02-24T12:15+0500
2023-02-24T12:15+0500
дар тоҷикистон
вазорати нақлиёт
нақлиёт
иҷозатнома
ғайриқонунӣ
таксӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/19/1050936146_0:102:3200:1902_1920x0_80_0_0_f8e785a48d27fe4472c8e18ef05f00ac.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Вазорати нақлиёти кишвар фаъолияти фаъолияти ширкати “Яндекс Go” дар қаламрави Тоқикистонро ғайриқонунӣ медонад.Тавре дафтари матбуоти вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст, хизматрасонии ширкати “Яндекс Go" платформаи иттилоотӣ набуда, балки як қисмати раванди мусофирбарӣ бо таксиро иҷро кардааст.Қаблан ширкати “Яндекс Go” гуфта буд, ки хизматрасонии моро нодуруст ба ҳайси интиқолдиҳанда қабул мекунанд, мо як платформаи иттилоотӣ ҳастем.Вазорати нақлиёти кишвар таъкид кардааст, ки дар ҳақиқат ронандаи автомашинаи такси П.Б.А, ки тибқи шартнома бо ширкати таксии дахлдор фаъолият мекунад, рузи 16.02.2023с. бо истифода аз барномаи ширкати “Яндекс Go” аз мусофир фармоишро қабул кардааст, ки хилофи санадҳои меъёрии амалкунанда дар соҳа мебошад.Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки ба Ширкати “Яндекс Go” аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт иҷозатнома барои фаъолият дода нашудааст.Ба иттилои вазорат ҷалби таксӣ барои хизматрасонӣ ба мусофирон аз ҷониби интиқолдиҳандаи як оператори Хадамоти таксӣ бо оператори дигари Хадамоти таксӣ, инчунин бо рақамҳои бақайдгирии давлатии дигар минтақаҳо дар ҳудуи шаҳрҳое, ки дар онҳо фаъолияти таксӣ бо намуди берунаи якхела қабул гардидааст, иҷозат дода намешавад.
https://sputnik.tj/20230218/yandeks-go-faoliyat-dushanbe-qonuni-1055037175.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/19/1050936146_0:0:2568:1926_1920x0_80_0_0_90ed59a32aedc5f6038e319109a3d0a1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорати нақлиёт, “яндекс go” фаъолият, ғайриқонунӣ, нақлиёт, иҷозатнома
тоҷикистон, вазорати нақлиёт, “яндекс go” фаъолият, ғайриқонунӣ, нақлиёт, иҷозатнома
Шарҳи мақомоти Тоҷикистон дар бораи фаъолияти “Яндекс Go”: фаъолияти ширкат ғайриқонунист
Вазорати нақлиёт мегӯяд ба Ширкати “Яндекс Go” аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт иҷозатнома барои фаъолият дода нашудааст
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Вазорати нақлиёти кишвар фаъолияти фаъолияти ширкати “Яндекс Go” дар қаламрави Тоқикистонро ғайриқонунӣ медонад.
Тавре дафтари матбуоти вазорати нақлиёти кишвар хабар додааст, хизматрасонии ширкати “Яндекс Go" платформаи иттилоотӣ набуда, балки як қисмати раванди мусофирбарӣ бо таксиро иҷро кардааст.
Қаблан ширкати “Яндекс Go” гуфта буд, ки хизматрасонии моро нодуруст ба ҳайси интиқолдиҳанда қабул мекунанд, мо як платформаи иттилоотӣ ҳастем.
Вазорати нақлиёти кишвар таъкид кардааст, ки дар ҳақиқат ронандаи автомашинаи такси П.Б.А, ки тибқи шартнома бо ширкати таксии дахлдор фаъолият мекунад, рузи 16.02.2023с. бо истифода аз барномаи ширкати “Яндекс Go” аз мусофир фармоишро қабул кардааст, ки хилофи санадҳои меъёрии амалкунанда дар соҳа мебошад.
“Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт бо ронандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодааст”, - таъкид кардаст вазорат.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки ба Ширкати “Яндекс Go” аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт иҷозатнома барои фаъолият дода нашудааст.
“Аз ин рӯ фаъолияти ин ширкат дар Ҷумҳурии Тоқикистон ғайриқонунӣ мебошад”, - зикр кардааст вазорати нақлиёт.
Ба иттилои вазорат ҷалби таксӣ барои хизматрасонӣ ба мусофирон аз ҷониби интиқолдиҳандаи як оператори Хадамоти таксӣ бо оператори дигари Хадамоти таксӣ, инчунин бо рақамҳои бақайдгирии давлатии дигар минтақаҳо дар ҳудуи шаҳрҳое, ки дар онҳо фаъолияти таксӣ бо намуди берунаи якхела қабул гардидааст, иҷозат дода намешавад.