https://sputnik.tj/20230218/yandeks-go-faoliyat-dushanbe-qonuni-1055037175.html
"Яндекс Gо" фаъолияташро дар Душанбе қонунӣ арзёбӣ кард
"Яндекс Gо" фаъолияташро дар Душанбе қонунӣ арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати русии "Яндекс Gо" пас аз оғози фаъолияти мусофирбарӣ дар Душанбе ва бархӯрди мақомоти дахлдор ба фаъолияти ширкат, вазъро шарҳ дод
2023-02-18T18:57+0500
2023-02-18T18:57+0500
2023-02-18T18:57+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
дар русия
таксӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103086/89/1030868993_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_ef46ab489c8a8edf1d6ac29aca3ad376.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Хидматрасонии "Яндекс Go" тибқи қонунгузории Тоҷикистон фаъолият мекунад. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон дар дафтари матбуоти ширкати русӣ иттилоъ доданд. Ба гуфтаи сухангӯи ширкат, "барои хидмати онлайнӣ ба мо бақайдгирии иловагӣ лозим нест."Дар идома намояндаи ширкати мазкур зикр намуд, ки "бо мақомоти дахлдори давлатӣ дар тамос ҳастанд ва омодаанд ба ҳама саволҳои иловагӣ ҷавоб диҳанд ва принсипҳои модели хидматрасонии онлайниро шарҳ диҳанд".Ин ширкат тавзеҳ додааст, ки вуруди хидмати онлайн ба бозори Тоҷикистон ба манзури беҳбуди роҳати ҳамлу нақл барои сокинони Душанбе ва афзоиши даромади паркҳо ва ронандагони таксӣ бо истифода аз фанновариҳои мавҷуд аст."Яндекc Go" фаъолияти ғайриқонунӣ дорад: мақомот аз боздошти 14 ронанда хабар додВале Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе фаъолияти ширкати "Яндекс Go"- ро дар пойтахт ғайриқонунӣ гуфт.Ҳамчунин Ҷамшед Табарзода, муовини раиси шаҳри Душанбе низ дар нишасти ахири хабарӣ гуфт, ширкати русӣ то ҳол барои фаъолияти расмӣ дар кишвар сабти ном нашудааст ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ фаъолияти хидматрасонии Яндекс Go" -ро ғайриқонунӣ медонад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103086/89/1030868993_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_60d940a4a8d9635979a6a8f30e0cf11a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе "яндекс gо" таксӣ
душанбе "яндекс gо" таксӣ
"Яндекс Gо" фаъолияташро дар Душанбе қонунӣ арзёбӣ кард
Эксклюзив
Ширкати русии "Яндекс Gо" пас аз оғози фаъолияти мусофирбарӣ дар Душанбе ва бархӯрди мақомоти дахлдор ба фаъолияти ширкат, вазъро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Хидматрасонии "Яндекс Go" тибқи қонунгузории Тоҷикистон фаъолият мекунад. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон дар дафтари матбуоти ширкати русӣ иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи сухангӯи ширкат, "барои хидмати онлайнӣ ба мо бақайдгирии иловагӣ лозим нест."
"Мо бодиққат назорат мекунем, ки шарикони мо иҷозатнома ва иҷозатномаҳои заруриро доранд", - гуфтанд дар хадамоти матбуот.
Дар идома намояндаи ширкати мазкур зикр намуд, ки "бо мақомоти дахлдори давлатӣ дар тамос ҳастанд ва омодаанд ба ҳама саволҳои иловагӣ ҷавоб диҳанд ва принсипҳои модели хидматрасонии онлайниро шарҳ диҳанд".
Ин ширкат тавзеҳ додааст, ки вуруди хидмати онлайн ба бозори Тоҷикистон ба манзури беҳбуди роҳати ҳамлу нақл барои сокинони Душанбе ва афзоиши даромади паркҳо ва ронандагони таксӣ бо истифода аз фанновариҳои мавҷуд аст.
Вале Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе фаъолияти ширкати "Яндекс Go"- ро дар пойтахт ғайриқонунӣ гуфт.
Ҳамчунин Ҷамшед Табарзода, муовини раиси шаҳри Душанбе низ дар нишасти ахири хабарӣ гуфт, ширкати русӣ то ҳол барои фаъолияти расмӣ дар кишвар сабти ном нашудааст ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ фаъолияти хидматрасонии Яндекс Go" -ро ғайриқонунӣ медонад.