Сабти заминҷунбии навбатӣ дар Тоҷикистон

CC BY-SA 3.0 / Yamaguchi先生 / Сейсмограф. Архивное фото
Сейсмограф. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2023
Обуна шудан
Зилзилашиносон мегӯянд, ки заминларзаи навбатӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи ҷадид сабт шудааст, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии мониторинги зилзилашиносии КҲФ Ӯзбекистон.
Заминларза 3,8 балл буда, марказ он дар умқи 109 километр сурат гирифт.
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон то ҳол дар бораи хисорот ва талафоти эҳтимолӣ хабар надодааст.
Бояд гуфт, ки сар аз 24 феврал ин алакай 10-ум заминҷунбӣ аст, ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон сабт шудааст.
Сейсмограмма землетрясения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2023
ВМКБ- ро боз заминҷунбии 5 балла ларзонд
Қавитарин заминларза 7,3 балла субҳи рӯзи панҷшанбе наздикии Мурғоб сурат гирифт. Ин заминларзаро дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дар бархе минтақаҳои Чин эҳсос шуданд.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи КҲФ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ларзиши замин асосан дар наздикиҳои кӯли Сарез, вале дуртар аз макони аҳолинишин сар зад ва ба ин хотир ин офатҳои табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ надоштанд.
Лентаи хабарҳо
0