https://sputnik.tj/20230224/rustami-emomali-barnomaho-rushdi-sayyoh-dushanbe-tasdiq-1055149885.html
Рустами Эмомалӣ барномаҳои рушди сайёҳӣ то соли 2026-ро дар Душанбе тасдиқ кард
Рустами Эмомалӣ барномаҳои рушди сайёҳӣ то соли 2026-ро дар Душанбе тасдиқ кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Душанбе эълон кардааст, ки нақшаи чорабиниҳо дар бораи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2023-2026 амалӣ мегардад
2023-02-24T15:50+0500
2023-02-24T15:50+0500
2023-02-24T15:50+0500
дар тоҷикистон
гардишгарӣ
сайёҳӣ
нақша
тасдиқ
рустам эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054447496_0:159:3076:1889_1920x0_80_0_0_465217fc28f7b6abe35fd02ac5bd4afa.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи амалисозии "Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" дар пойтахт нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023-2026 тасдиқ гардид.Дар ин бораи дафтари матбуотии раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.Тибқи нақша, давоми солҳои 2023-2026 дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои мухталиф, мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмӣ-адабӣ ва фестивалу озмунҳо баргузор шуда, муосиргардонии иншооти соҳа низ дар назар дошта шудааст.Ба иттилои мақомоти шаҳри Душанбе мақсад амалӣ намудани чорабиниҳои мазкур таъмини шароити мусоид баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имконияти ғании пойтахти мамлакат ба рушди ҷанбаъҳои гуногуни сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону ҷавонон ба касбомӯзӣ, муаррифии имконияти сайёҳӣ ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ мебошад.Ёдовар мешавем, ки дар соли гузашта наздик ба як миллион гардишгар аз Тоҷикистон дидан кардааст.Дар соли гузашта танҳо аз пойтахтки кишвар 192 ҳазор гардишгари хориҷӣ боздид намудаанд, ки нисбат ба соли 2021 2 маротиба зиёдтар будааст.Бояд гуфт, ки соли сипаригардида бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси ниёгон 65 барнома доир карда шуд.
https://sputnik.tj/20230210/faoliyati-shirkati-sayyohi-tojikiston-1054830890.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054447496_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_efce36671841b59a82827c9e74542573.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, барнома, нақша, сайёҳӣ, тасдиқ, душанбе, гардишгарӣ, рустам эмомалӣ
тоҷикистон, барнома, нақша, сайёҳӣ, тасдиқ, душанбе, гардишгарӣ, рустам эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ барномаҳои рушди сайёҳӣ то соли 2026-ро дар Душанбе тасдиқ кард
Мақомоти шаҳри Душанбе эълон кардааст, ки нақшаи чорабиниҳо дар бораи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2023-2026 амалӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи амалисозии "Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" дар пойтахт нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2023-2026 тасдиқ гардид.
Дар ин бораи дафтари матбуотии раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Тибқи нақша, давоми солҳои 2023-2026 дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои мухталиф, мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмӣ-адабӣ ва фестивалу озмунҳо баргузор шуда, муосиргардонии иншооти соҳа низ дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои мақомоти шаҳри Душанбе мақсад амалӣ намудани чорабиниҳои мазкур таъмини шароити мусоид баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии таъриху фарҳанг ва имконияти ғании пойтахти мамлакат ба рушди ҷанбаъҳои гуногуни сайёҳӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону ҷавонон ба касбомӯзӣ, муаррифии имконияти сайёҳӣ ва ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар соли гузашта наздик ба як миллион гардишгар аз Тоҷикистон дидан кардааст.
Дар соли гузашта танҳо аз пойтахтки кишвар 192 ҳазор гардишгари хориҷӣ боздид намудаанд, ки нисбат ба соли 2021 2 маротиба зиёдтар будааст.
Бояд гуфт, ки соли сипаригардида бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси ниёгон 65 барнома доир карда шуд.