https://sputnik.tj/20230210/faoliyati-shirkati-sayyohi-tojikiston-1054830890.html
Фаъолияти 242 ширкати сайёҳӣ дар Тоҷикистон
Фаъолияти 242 ширкати сайёҳӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, дар соли гузашта аз ҷумҳурӣ наздик ба 1 миллион гардишгари хориҷӣ дидан кардааст
2023-02-10T15:20+0500
2023-02-10T15:20+0500
2023-02-10T15:20+0500
дар тоҷикистон
сайёҳӣ
гардишгарӣ
ширкат
фаъолият
кумитаи рушди гардишгарӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102491/08/1024910871_0:17:1280:737_1920x0_80_0_0_b60b28074281ce496d868dc1a33c9780.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар қаламрави Тоҷикистон 242 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад, иттилоъ додаанд масъулини Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, аз ин шумора дар ВМКБ 50 ширкат, вилояти Суғд 43 ширкат, вилояти Хатлон 19 ширкат, шаҳри Душанбе 112 ширкат ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18 ширкат рост меояд.Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли гузашта шумори умумии сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон воридшуда 999,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2021 3,4 маротиба ё худ 703 ҳахзор нафар сайёҳ зиёд мебошад.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар соли 2022 барои дар сатҳи муносиб хизмат расонидан ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ 100 адад ва дар зарфи 5 соли ахир 600 адад иншооти инфросохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.Тибқи иттилои масъулини Кумита дар соли 2022 ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар ММД 2,8 дарсадро ташкил менамояд.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 барои ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд.Инчунин бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда ҷорӣ гардидааст.
https://sputnik.tj/20230209/bozdidi-gardishgar-khoriji-viloyati-khatlon-1054807351.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102491/08/1024910871_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_04a682ef17812e57291de59b0af4b559.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, фаъолият, сайёҳӣ, гардишгарӣ, ширкат, фаъолият, кумитаи рушди сайёҳӣ
тоҷикистон, фаъолият, сайёҳӣ, гардишгарӣ, ширкат, фаъолият, кумитаи рушди сайёҳӣ
Фаъолияти 242 ширкати сайёҳӣ дар Тоҷикистон
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, дар соли гузашта аз ҷумҳурӣ наздик ба 1 миллион гардишгари хориҷӣ дидан кардааст
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар қаламрави Тоҷикистон 242 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад, иттилоъ додаанд масъулини Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, аз ин шумора дар ВМКБ 50 ширкат, вилояти Суғд 43 ширкат, вилояти Хатлон 19 ширкат, шаҳри Душанбе 112 ширкат ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18 ширкат рост меояд.
Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли гузашта шумори умумии сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон воридшуда 999,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2021 3,4 маротиба ё худ 703 ҳахзор нафар сайёҳ зиёд мебошад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар соли 2022 барои дар сатҳи муносиб хизмат расонидан ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ 100 адад ва дар зарфи 5 соли ахир 600 адад иншооти инфросохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Тибқи иттилои масъулини Кумита дар соли 2022 ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар ММД 2,8 дарсадро ташкил менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 барои ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд.
Инчунин бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда ҷорӣ гардидааст.