https://sputnik.tj/20230218/vazir-khorija-tojikiston-mavkegiri-tojikiston-afghoniston-elom-kard-1055033276.html
Вазири хориҷаи Тоҷикистон мавқеъгирии Тоҷикистонро дар мавриди Афғонистон эълом кард
Вазири хориҷаи Тоҷикистон мавқеъгирии Тоҷикистонро дар мавриди Афғонистон эълом кард
Sputnik Тоҷикистон
Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар аз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба мардуми Афғонистон дар ҳалли низоъ дар ин кишвар кумак кунанд 18.02.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-02-18T15:30+0500
2023-02-18T15:30+0500
2023-02-27T19:08+0500
дар тоҷикистон
вазорати умури хориҷии тоҷикистон
сироҷиддин муҳриддин
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054444241_0:362:1177:1024_1920x0_80_0_0_50f6b8ce3ed01eed41bbe0819f4aa8f5.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Тоҷикистон ҷонибдори субот ва хатми низоъ дар Афғонистон аст. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, сардори Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар нишасти хабарии ҳисоботӣ изҳор дошт. "Тоҷикистон ҷонибдори шукуфоии ин кишвари ҳамсояи бародар аст", - гуфт ӯ. Вазир қайд кард, табиист, ки субот дар Афғонистон замоне ба даст меояд, ки ҳукумати фарогир бо ширкати тамоми гурӯҳҳои сиёсии кишвар таъсис дода шавад. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон барои транзити борҳои башардӯстона ба Афғонистон тамоми имконотро фароҳам кардааст, зеро мардуми ин кишвар дар вазъи сангини иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор доранд. "Мо аз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунем, ки ба мардуми Афғонистон кумак кунанд" гуфт ӯ. Қаблан раиси ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), генерал-полковник Анатолий Сидоров аз ҷамъ шудани то 4000 ҷангҷӯи ДОИШ* дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар дода буд.Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар гуфт, ки Тоҷикистон дар мавриди ҳамлаи ногаҳонӣ тарҳеро таҳия кардааст. * Ташкилоти террористӣ дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20221219/zas-afghoniston-khatar-tojikiston-video-1053621899.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/18/1054444241_137:344:1092:1060_1920x0_80_0_0_75e4eb76da411b44668d1400b92198eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вазорати умури хориҷии тоҷикистон, сироҷиддин муҳриддин, сиёсат
дар тоҷикистон, вазорати умури хориҷии тоҷикистон, сироҷиддин муҳриддин, сиёсат
Вазири хориҷаи Тоҷикистон мавқеъгирии Тоҷикистонро дар мавриди Афғонистон эълом кард
15:30 18.02.2023 (Навсозишуда: 19:08 27.02.2023) Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар аз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба мардуми Афғонистон дар ҳалли низоъ дар ин кишвар кумак кунанд
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Тоҷикистон ҷонибдори субот ва хатми низоъ дар Афғонистон аст. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, сардори Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар нишасти хабарии ҳисоботӣ изҳор дошт.
"Тоҷикистон ҷонибдори шукуфоии ин кишвари ҳамсояи бародар аст", - гуфт ӯ.
Вазир қайд кард, табиист, ки субот дар Афғонистон замоне ба даст меояд, ки ҳукумати фарогир бо ширкати тамоми гурӯҳҳои сиёсии кишвар таъсис дода шавад.
"Мо ҳамчунин ба эҳтироми ҳуқуқи башар дар ин кишвар даъват карда, аз вазъи дастрасии занон ба таҳсил ва ҳалли мушкилоти ҷомеа нигарон ҳастем ва таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масоил ҷалб мекунем", - гуфт дипломати тоҷик.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон барои транзити борҳои башардӯстона ба Афғонистон тамоми имконотро фароҳам кардааст, зеро мардуми ин кишвар дар вазъи сангини иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор доранд.
"Мо аз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунем, ки ба мардуми Афғонистон кумак кунанд" гуфт ӯ.
Қаблан раиси ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), генерал-полковник Анатолий Сидоров аз ҷамъ шудани то 4000 ҷангҷӯи ДОИШ* дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар дода буд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар гуфт, ки Тоҷикистон дар мавриди ҳамлаи ногаҳонӣ тарҳеро таҳия кардааст.
* Ташкилоти террористӣ дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст.