https://sputnik.tj/20230223/vmkb-zaminjunbii-73-balla-takon-dod-1055131865.html
ВМКБ -ро заминҷунбии 7.3 балла такон дод
ВМКБ -ро заминҷунбии 7.3 балла такон дод
Sputnik Тоҷикистон
Маркази зилзила дар ВМКБ, наздикии ноҳияи Мурғоб воқеъ буд: дар ин минтақа кӯҳҳои ҷавон зиёданд аз ин рӯ гоҳ-гоҳе онҳо "меларзанд" 23.02.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-02-23T10:35+0500
2023-02-23T10:35+0500
2023-02-23T10:35+0500
дар тоҷикистон
вмкб
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
заминҷунбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102440/20/1024402069_0:158:3501:2127_1920x0_80_0_0_c2fc1e1b188046c9e376481c20fc096a.jpg
ДУШАНБЕ, 23 февр — Sputnik. Субҳи 23 феврал сокинони манотиқи шарқии Тоҷикистон заминларзаи шадидро эҳсос карданд, ки дар кишварҳои ҳамсоя низ ба қайд гирифта шудааст. Ба гузориши "РИА Новости" бо истинод ба маркази зилзилашиносии Чин, зилзила бо шиддати 7,3 дараҷа соати 03:37 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ сар зад.Дар ҳамин ҳол, Маркази зилзилашиносии Аврупову Баҳри Миёназамин шиддати зилзиларо 6,8 дараҷа эълон карда, ба унвони маркази зилзила нуқтаи 66-километрии Мурғобро нишон медиҳад, ки дар он қариб 11 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Маълумот дар бораи шиддати 6.8 баллаи заминҷунбиро Пажӯҳишгоҳи сейсмология ва сохтмони сейсмикии Фарҳангистони Миллии Тоҷикистон таъйид карда, хабар медиҳад, ки онро соати 05:37 дар 40-километрии кӯли Сарез эҳсос кардан мумкин буд.Манбаъ афзуд, ки баъд аз зилзилаҳои аввал боз 3 заминларзаи 5,5, 6 ва 6,3 дараҷа рух додааст. Зимнан, дар Душанбе шиддати он ба 2.3 дараҷа расид. Дар бораи талафот ва хисорот то ҳол хабаре дастрас нашудааст. Ёдовар мешавем, ки заминларзаи бо шиддати 7,8 дараҷа дар ҷануби Туркия ва пасларзаҳои баъд аз он дар авоили моҳи феврал ҳам дар худи ин ҷумҳурӣ ва ҳам дар Сурияи ҳамсоя ҳудуди 50 ҳазор нафарро кушта ва чанд шаҳрро низ ба хок яксон карда буд.
https://sputnik.tj/20230222/tob-zaminlarza-komissiyai-makhsus-tojikiston-1055106860.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102440/20/1024402069_0:0:3105:2329_1920x0_80_0_0_f98eeb2f6bb580eafd5ad7f294058272.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вмкб, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, заминҷунбӣ
дар тоҷикистон, вмкб, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, заминҷунбӣ
ВМКБ -ро заминҷунбии 7.3 балла такон дод
Маркази зилзила дар ВМКБ, наздикии ноҳияи Мурғоб воқеъ буд: дар ин минтақа кӯҳҳои ҷавон зиёданд аз ин рӯ гоҳ-гоҳе онҳо "меларзанд"
ДУШАНБЕ, 23 февр — Sputnik. Субҳи 23 феврал сокинони манотиқи шарқии Тоҷикистон заминларзаи шадидро эҳсос карданд, ки дар кишварҳои ҳамсоя низ ба қайд гирифта шудааст.
Ба гузориши "РИА Новости" бо истинод ба маркази зилзилашиносии Чин, зилзила бо шиддати 7,3 дараҷа соати 03:37 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ сар зад.
Дар ҳамин ҳол, Маркази зилзилашиносии Аврупову Баҳри Миёназамин шиддати зилзиларо 6,8 дараҷа эълон карда, ба унвони маркази зилзила нуқтаи 66-километрии Мурғобро нишон медиҳад, ки дар он қариб 11 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.
Маълумот дар бораи шиддати 6.8 баллаи заминҷунбиро Пажӯҳишгоҳи сейсмология ва сохтмони сейсмикии Фарҳангистони Миллии Тоҷикистон таъйид карда, хабар медиҳад, ки онро соати 05:37 дар 40-километрии кӯли Сарез эҳсос кардан мумкин буд.
Манбаъ афзуд, ки баъд аз зилзилаҳои аввал боз 3 заминларзаи 5,5, 6 ва 6,3 дараҷа рух додааст.
Зимнан, дар Душанбе шиддати он ба 2.3 дараҷа расид. Дар бораи талафот ва хисорот то ҳол хабаре дастрас нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки заминларзаи бо шиддати 7,8 дараҷа дар ҷануби Туркия ва пасларзаҳои баъд аз он дар авоили моҳи феврал ҳам дар худи ин ҷумҳурӣ ва ҳам дар Сурияи ҳамсоя ҳудуди 50 ҳазор нафарро кушта ва чанд шаҳрро низ ба хок яксон карда буд.