Қирғизистон қасд дорад содироти нуриҳои минералиро ба Тоҷикистон манъ кунад

© Pixabay/PascviiУдобрение земли
Удобрение земли - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.12.2022
Обуна шудан
Вазорати кишоварзии Қирғизистон ба далели таъмин намудани кишварзони худ бо захираи кофии нуриҳои минералӣ содироти он ба Тоҷикистонро манъ мекунад
ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Вазорати кишоварзии Қирғизистон пешниҳод намудааст, ки содироти нуриҳои минералӣ аз кишвар боздошта шавад. Ҳадаф аз ин мамнӯъият таъмини кишоварзони кишвар бо захираи кофии он то мавсими кишти соли 2023 мебошад.
"Манъи содироти нуриҳои минералӣ ба берун аз қаламрави гумрукии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дахл дорад ва пеш аз ҳама манъ кардани содироти он ба Тоҷикистон пешбинӣ шудааст", - омадааст дар хабари ин ниҳод.
Вазорат мегӯяд, то оғози корҳои саҳроӣ дар ноҳияҳои ҷанубии Қирғизистон норасоии нуриҳои минералӣ дар натиҷаи реэкспорти он ба Тоҷикистон мушоҳида хоҳад шуд.
Чун дар Тоҷикистон мавсими кор дар саҳро нисбат ба Қирғизистон барвақттар оғоз мешавад, аз ин рӯ бинобар талаботи зиёд ва баланд будани нархи нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон, фурӯшандагони қирғиз онро арзон харидорӣ карда, дар Тоҷикистон ба нархи осмонӣ ба фурӯш мегузоранд.
Тоҷикистон ба тавлиди нуриҳо оғоз кард: Аз воридотӣ 2 баробар арзон аст
Бояд гуфт, дар худи Қирғизистон истеҳсоли нуриҳои минералӣ вуҷуд надорад. Аксари он аз Ӯзбекистон ворид мешавад. Ҳамчунин 30-35% нуриҳои минералӣ аз Русия ва Қазоқистон ба ин кишвар оварда мешавад.
Дар Тоҷикистон чанде пеш корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори "ТАЛКО Кемикал" ба истифода дод. Ин корхона бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи нав дар як шабонарӯз 200 тонна буда, дар як сол 75 ҳазор тонна нурии минералӣ истеҳсол менамояд.
Лентаи хабарҳо
0