https://sputnik.tj/20230223/rahmon-quvvaho-musallah-muhimtarin-dastovard-zamon-istiqlol-1055133388.html
Раҳмон: Қувваҳои мусаллаҳ муҳимтарин дастовард дар замони истиқлол аст
Раҳмон: Қувваҳои мусаллаҳ муҳимтарин дастовард дар замони истиқлол аст
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари давлат генералҳо, афсарону сарбозони қатории артишро ба муносибати таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи миллӣ табрику таҳният намуд
2023-02-23T12:51+0500
2023-02-23T12:51+0500
2023-02-23T12:52+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
қувваҳои мусаллаҳи ҷт
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051106306_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_99df069bba81fc2ccd7be6cc68b50031.jpg
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба шумор меравад. Ин ҳарфҳоро Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат зимни суханронияш ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар иззҳор дошт."Дар ин лаҳзаҳои идона мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ ҷавонмардонаву сарбаландона баромаданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд".Ба гуфтаи ӯ, дар даврони истиқлолият беш аз 28 ҳазор нафар мутахассисони низомӣ дар дохили кишвар ва хориҷи кишвар омода шудаанд. Зиёда аз 80 фоизи тамоми афсарони Қуваҳои мусаллаҳро хатмкунандагони институтҳо ва академияҳои ҳарбӣ ташкил медиҳанд.Дар тӯли 30 сол дар Тоҷикистон 10 қисмҳои низомӣ ва инфрасохтор, 24 комиссариати ҳарбии ноҳияҳои шаҳр, беш аз 100 иншооти хизматрасонии саноатӣ ва беш аз 2,6 ҳазор иншооти дигар бунёд карда шуданд. "Ман ба далериву шуҷоат, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам", - изҳор дошт президент.
https://sputnik.tj/20230221/general-nav-tojikiston-prezident-mukofot-1055097716.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/01/1051106306_258:0:2989:2048_1920x0_80_0_0_c31c7f4027bfa519435f4fd6f756c356.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон эмомалӣ раҳмон қувваҳои мусаллаҳи тоҷикистон
тоҷикистон эмомалӣ раҳмон қувваҳои мусаллаҳи тоҷикистон
Раҳмон: Қувваҳои мусаллаҳ муҳимтарин дастовард дар замони истиқлол аст
12:51 23.02.2023 (Навсозишуда: 12:52 23.02.2023) Роҳбари давлат генералҳо, афсарону сарбозони қатории артишро ба муносибати таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи миллӣ табрику таҳният намуд
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба шумор меравад. Ин ҳарфҳоро Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат зимни суханронияш ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар иззҳор дошт.
"Дар ин лаҳзаҳои идона мо метавонем бо ифтихору қаноатмандӣ изҳор намоем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ дар давраҳои бисёр ҳассоси таърихи давлат ва халқи тоҷик аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ ҷавонмардонаву сарбаландона баромаданд ва ба эътимоду эҳтироми мардуми Тоҷикистон сазовор гардиданд".
Ба гуфтаи ӯ, дар даврони истиқлолият беш аз 28 ҳазор нафар мутахассисони низомӣ дар дохили кишвар ва хориҷи кишвар омода шудаанд.
Зиёда аз 80 фоизи тамоми афсарони Қуваҳои мусаллаҳро хатмкунандагони институтҳо ва академияҳои ҳарбӣ ташкил медиҳанд.
Дар тӯли 30 сол дар Тоҷикистон 10 қисмҳои низомӣ ва инфрасохтор, 24 комиссариати ҳарбии ноҳияҳои шаҳр, беш аз 100 иншооти хизматрасонии саноатӣ ва беш аз 2,6 ҳазор иншооти дигар бунёд карда шуданд.
"Ман ба далериву шуҷоат, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам", - изҳор дошт президент.