Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Нерӯҳои Русия анбори муҳимоти Украинаро дар наздикии Авдиевка хароб карданд

© Sputnik / Константин МихальчевскийРоссийский военнослужащий.
Российский военнослужащий. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2023
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия хабар дод, ки низомиёни рус анбори муҳимоти нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар наздикии Авдиевка дар ҶМД нобуд карданд
ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Дар ҷараёни амалиёти ҳамла дар самти Донетск дар як рӯз беш аз 210 сарбоз ва 12 техникаи украинӣ нобуд карда шуд.
Дар ин бора Вазорати дифои Русия рӯзи панҷшанбе хабар дод.
Бар хабари манбаъ, низомиёни рус ҳамчунин дар наздикии Авдиевка дар ҶМД анбори муҳимоти нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.
Қаблан ин ниҳод хабар дод, ки Киев дар самтҳои Купянск ва Краснолиман дар як рӯз ҳудуди то 150 сарбозашро аз даст дод.
Артиллерийский расчет ВС РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорти дифои Русия талафоти артиши Украина дар ду ҷабҳаи ҷангро расонаӣ кард
Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар самти Краснолиманский дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоӣ, оташи тӯпхонаӣ ва мушакандозҳои чандгонаи шадиди гурӯҳи нерӯҳои "Марказ" дар манотиқи шаҳракҳои Ямполовка Ҷумҳурии Мардумии Донетск, Стелмаховка ва Червоная ДиброваиҶумҳурии Мардумии Луганск, то 100 низомии украинӣ, ду мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, ду тӯпи Д-30 ва инчунин як радари истеҳсоли ИМА AN/TPQ-37-и нобуд карда шуданд.
Русия аз рӯзи 24 феврали соли гузашта дар Украина амалиёти вижаи низомӣ оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор доштанд".
Ба гуфтаи раисҷумҳур, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс фароҳам овардани шароитест, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0